Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анҷоми фоҷиавии ин «бозии тақдир» аллакай маълум буд, ба ҷуз он қисми роҳе, ки сайёдро то ба бозиҳои финалӣ бурд…


Чун ҳодиса дар минтақаи хизматии лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф рух дода буд, аз ҳама беш ў дар ин самт саҳмгузор шуд. Тайи як ҳафтаи охир ба Абдурашид муяссар шуд, ки бо даҳҳо не, садҳо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур суҳбат намояд.
Мегўянд, ки қадри зар заргар бидонад ва Абдурашид ҳам заршиноси моҳир будананшро дар давоми ҳафта собит намуд.
Ў ҳангоми вохўрӣ ва суҳбатҳо бо аҳли маҳалла хабарҳои гуногунеро ба даст оварда бошад ҳам, чун заршинос хабари аслиро аз нишондоди бардурӯғ ҷудо карда тавонист…
Дар ошёнаи якуми бинои воқеъ дар кӯчаи Беҳзод маъюби гурӯҳи дуюм-иштирокчии ҶБВ, мўйсафеди ҳаштодсола Баҳроми Нор зиндагӣ мекард. Ҳарчанд дар рўзи аввали азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пурсиши ў ба ёди касе наомада буд, вале баъдтар нозири минтақавӣ ба ёд овард, ки Баҳроми Нор аксари вақти хешро паси оинаи тирезаи даҳлез (балкон) мегузаронад. Ба ҳамин хотир ў рўзи панҷшанбеи 4-уми декабр ба дари хонаи мўйсафед ангушт зад.
Набераи мўйсафед Суман омада дарро кушод ва нозири минтақавиро шинохта, ба хона даъват намуд.
Сари як пиёла чой меҳмон бо соҳибхона Баҳроми Нор хеле суҳбат намуд ва дар омади гап ҳамин хел бе ягон ҳуҷҷатгузории расмӣ дар бораи ҳодисаи ҳафтае пеш рух дода, ки боиси марги ҷавонмарде гашта буд, пурсон шуд.

  • Шунидам. Ҳеҷ боварам намеояд, ки қотил дар ин бино бошад, - бо афсўсу надомат гуфт мӯйсафед.
  • Шарт нест, ки қотил ҳатман дар ҳамин бино зиндагӣ намояд.
  • То ҷое ки банда хабар дорам, гўё вай бечораро аз ошёнаи панҷум ба поён партофтанд ё гапам нодуруст?
  • Не, дуруст, ў дар ҳамон ошёна хона харида будааст ва тафтишот бар он андеша аст, ки то омадани вай касе дар он хона будааст.
    -Ҳеҷ чизро намефаҳмам, охир чӣ тавр дар хонае, ки ба худат тааллуқ надорад, даромада мешинӣ?
  • Ҳамаи гап ҳам дар сари ҳамин масъала меравад, бобо.
пешина
аз 441
навбатӣ