Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ман ҳамон бегоҳ қариб то замоне, ки барқ хомўш шуд, болои аробача паси тирезаи даҳлез будам. Не, ягон марди ношинос вориди бино нашуд.
- Зан чӣ?
- Шумо чиҳо гуфта истодаед, писарам? Наход зан қобилияти мардро ба поён партофтан дошта бошад.
- Ба ҳар ҳол мехостам ба ёд биёред, ки оё тайи он муддате, ки шумо пушти оинаи даҳлез будед, ягон зани ношинос вориди бино нашуд.
- Баромаду даромад ба бино хеле зиёд аст ва он шаб ҳам марду зани зиёде дар саҳни ҳавли сайругашт доштанд. Баъди соатҳои бисту ду ҳаво хунук шуд ва қариб, ки аксари онҳое, ки дар берун буданд, вориди бино шуданд. Ҳа, дарвоқеъ, соати 2240 дақиқа таксие дар рў ба рўи ҳамин бино бозистод ва аз дохили он ҷавонзане берун омада ба самти ҳамин бино ҳаракат намуд. Дар ҳамин асно набераам Суман омад ва хост аробачаро, ки ман болояш меистодам, ҳамроҳи ман ба хона барад ва ману набера лаҳзае сари баҳс қарор гирифтем. Тайи ҳамин як муддати кӯтоҳ ман дигар нафаҳмидам, ки он ҷавонзани аз таксӣ фаромада ба кадоме аз биноҳо ворид шуд, ё аз паҳлуи биноҳо гузашта рафт.
- Оё гуфта наметавонед, ки ҳамон ҷавонзани аз такси фурудомада чӣ либосе дар тан дошт?
- Таксӣ дар зери чароғаки кӯча истод ва ҷавонзан дар танаш боронии дароз дошт. Ранги онро ман аниқ гуфта наметавонам, вале ба гумонам он боронии сиёҳ буд.
- Таксӣ чӣ намуд буд?
- Такси ранги сафед,мошини «Волга» буд.
- Шояд “Жигули” буд?
- Не, “Волга” буд, ман худам солҳо ронанда будам ва аминам, ки дар ҳамин ҷо хато нахоҳам кард.
- Пас чӣ шуд?
- Чун шамоли сахт ба тиреза ангушт зад, ман набераро ҷеғ задам ва ў аробачаро пешандоз намуда, ба ҳуҷраи хобам бурд.
Дар ҳоле ки ман ҳанўз сар ба бистар нагузошта будам, чароғҳо хомўш шуданд…
Баъди суҳбат бо мӯйсафеди ҳаштодсола нозири минтақавӣ доираи пурсиши хешро на танҳо дар бинои рақами 17, балки дар биноҳои гирду атроф ҳам васеътар намуд. Маҳз ҳамин сабурию бурдборӣ дар нимаи дуюми рузи 4 декабр ўро аз бинои муқобил бо шоҳиди дигаре рў ба рў намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор