Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Шояд ҷавонзан дар ҳамон маҳаллаи гирду атроф зиндагӣ мекард?
  • Вақте ки ў ба самти дигари роҳ гузашт ва баҳри боздошти мошин даст бардошт, вале мутаассифона, он мошин гузашта рафт…
    Чун банда ба гузориш ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Абдурашиди Шариф шинос шудам, мисли оне ки ба сарат як сатил оби хунук рехта бошанд, вуҷудам ларзид. Охир гап дар сари ҳамон ҷавонзане мерафт, ки ҳамон шаб ман байни соатҳои 2300- 2320 дақиқа дида будам.
    Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса худам ҳам даступо хӯрдам.
    «Милиса шудаву...”-ин садо аз ғайб буд ё аз замирам, ман нафаҳмидам.
  • Номи калону шаҳри вайрон,- зери лаб гуфтам ман ва ҳуҷҷатҳоро ба ғалладони мизи корӣ гузошта аз ҷой бархестам.
    Дар осмон ситораҳо чашмак мезаданд. Моҳ ҳам ҳанўз ба ғуруб нарафта буд. Тайи ин як ҳафта моҳ ҳам дар нисбати шаби шанбе ба якшанбеи гузашта хеле ҷаззобтар шуда буд, ҳарчанд он моҳи шаби чаҳордаҳ ҳам набуд, вале дигар ба абрўи арўс ҳам монандӣ надошт.
    Ба сардии ҳаво ва дерии вақт нигоҳ накарда, ман боз дар ҳамон пайроҳаи бетонии паҳлуи роҳи калон ба самти ғарб ҳаракат намудам, вале ин дафъа он ҳама «савту навои» шаби панҷшанбе ба ҷумъаи ҳафтаи гузаштаро ҳам нашунидам. Ин дафъа рӯшноии мошинҳои роҳгузар сояи дарахтонро чун марди дузд, ки зери деворҳо пинҳон шудан мехостанд, бароям «муаррифӣ» накарданд. Чун ҳаво орому сокит буд, овози шикастани шохаҳои хушкшуда ҳам ба гӯшам нарасиду ҷинояткори гурезаи рўи бомро ба ёдам наовард. Ин дафъа ҷавонзане рост ба сўям омаду ҳатто салом надода, бепарво аз паҳлуям гузашта рафт…
  • Ё тавба…

Бо ҳама ҷаҳду талошҳо мо ба соҳил нарасидем. Рӯди то кунун орому сокит яку якбора туғён намуд ва мавҷҳои ба хурӯш омада моро ба қафо партофт…
Баъди шиносоӣ ба ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи нозири минтақавӣ Абдурашиди Шариф аз чанд самт ба «ҳуҷуми генералӣ» гузаштем, вале дар набарди аввалин ба нокомиҳо дучор шудем.

пешина
аз 441
навбатӣ