Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чун чароғҳо хомўш шуданд, ҳамсарам маро ба ҷону ҳолам намонда хоҳиш намуд, ки аз бинои рақами 17, ошёнаи сеюм хонаи 37 писарамон Шаҳромро гирифта биёрам. Бояд гўям, ки соате пештар ў ҳамроҳи писари аммааш Воҳид ба самти дигари кӯча гузашта буд ва мо боварии кулл доштем, ки тез бармегардад. Шаҳром хонандаи синфи панҷ аст ва хомӯшшавии қувваи барқ дар тамоми маҳалла моро ва умуман модари Шаҳромро ба таҳлука андохт. Ман чароғаки дастиро гирифта, ба самти дигари роҳ гузаштам. Дар ҳамин асно дидам, ки нафаре аз бинои рақами 17 берун шуд. Ман чароғаки фурўзонро ба тарафи ў равона кардам. Сараввал ба чашмонаш сипас ба фарш то дар торики роҳашро равшан созам, вале он кас ба самти ғарб тоб хӯрд. Ба ҳар ҳол ман муддате бо нурҳои чароғаки дар дастам буда пардаи зулмотро аз дур ҳам бошад дар торикӣ баҳраш шикофтам ва чун дидам, ки ў ба самти муқобили роҳ гузашт, ман вориди бино шудам. Танҳо баъди фурўзон шудани чароғҳои барқӣ ману Шаҳром аз манзили хоҳарам берун шудем, - гуфт сокини бинои рақами 20 Дилшоди Ҷаббор.
- Яъне ки шумо рўйи ўро надидед?
- Қариб ки не, чун чароғаки банда ба чашмонаш бархӯрд, ў бо дасти росташ чашмонашро аз рӯшноии бемаҳал ҳифз намуд ва банда аз ин кирдори хеш ҳатто шарм доштам.
- Синну соли вайро гуфта наметавонед?
- Шояд ҷавонзани бисту панҷ-сисолае буд.
- Агар ўро бубинед,. мешиноседаш?
- Ба гумон аст, гуфтам-ку, чун рӯшноӣ пардаи зулмотро дарида ба чашмонаш бархӯрд, ў ҳамоно бо дасти росташ чашмонашро ҳифз намуд ва баҳри аз ин ҳолат ногувор баромадан ман рӯшноиро ба роҳи мерафтагиаш равона намудам.
- Дар танаш чӣ хел либос дошт?
Ўро боронии чармини сиёҳ дар тан буд. - Чун ҳамроҳи Шаҳром аз бинои рақами 17 баромадед, ўро дидед?
- Ману Шаҳром ба ҳамон самте ҳаракат намудем, ки ҳамагӣ панҷ-даҳ дақиқа пеш ҷавонзан гузашта буд, вале дар самти муқобили роҳ касеро надидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор