Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҷо бошад.
Хик46 ҳамеша ба тарафи тунукӣ медарад, - садое омад аз ғайб.

  • Тарафи тунукӣ ин мо?
  • Боз кӣ мешуд ё худат Ҳамид Ҷовидро гунаҳкор кардани ҳастӣ?
  • Магар ў бегуноҳ аст?
    -Нашунидаӣ, калтакро кӣ мехурад?
  • Ятим.
  • Ба умеди Баҳоваддин нашаву буттаро маҳкам дор, фаҳмо!
  • Фаҳмо,» - гуфтам ман ва аз ҷой бархестам.

Обро бину мўза каш…
Аз рўи вазъи ба вуқуъпайваста моро ба ҷуз қисман даст кашидан аз амалиётҳои минбаъдаи партизанӣ чорае намонда буд.
Бо амри навбатии сарвари ШКД Ҳамид Ҷовид назорати берунӣ аз қафои Бонози Даврон бардошта шуд.
Ҳайати шахсии ротаи посбони пайроҳадорӣ боз ба корҳои рўзмарраи хеш баргаштанд.
Бархилофи мо кормандони милиса муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз, сарназоратчии қонун Аҳмад Шарифовро бовар кунонида тавонист, ки дар зери назорат мондани воситаҳои алоқаи Бонози Даврон ва Хушнуди Замир аз манфиат холӣ нест. Чун Аҳмад Сайдшарифович марди аз гармию сардии рўзгор бохабар буд, сухани зердасти хеш нашикаст…
Чун аз нӯги ресмон гирифтему ба ҷое нарасидем, бо умеди дарёфти ҳақиқат аз нӯги дигари он доштем ва бо роҳи омадаамон ба қафо баргаштем…
Ҳамаи инро сабаб он шуд, ки мўйсафеди ҳаштодсола Баҳроми Нор моро бовар кунонд, ки таксие, ки соати 2240 дақиқа дар рў ба рўи бино истод ва аз дохили он ҷавонзане, ки боронии сиёҳ дошт, баромад, мошини «Волга» буд.
Чун мӯйсафед бозёфти Абдурашиди Шариф буд, сарвари ШКД нӯги гиреҳеро, ки моро то бо ба лаби ҷар бурда буд, ба дасти нозири минтақавӣ дод…

Тарафи тунукии пӯст.

пешина
аз 441
навбатӣ