Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Нишонаҳояшро гуфта наметавонам, вале занҳо бо чунин алфози талаффуз каманд.
- Бо кадом намуди алфоз?
- Бо алфози мулоим.
Ман лаҳзае сару калобаамро гум намудам. Ҳар он чи Мирсаиди Сайидакбар гуфт, ба пиндори кунунии банда ба Бонози Даврон тааллуқ дошт…
«Барои ҳамин ў шабро шаб рўзро рўз нагуфта ҷон мекоҳонд.
Борҳо ба ҷангалзорҳои Сибири Ғарбӣ рафта шартнома баста омад. Аз Сибир чӯбу тахта ва масолеҳи оҳанин меовард, аз Қирғизистон бошад, шиферу семент, то мардумон соҳиби…»
Ин суханонро чанд рўз пештар, дурусттараш рузи шанбеи
29 ноябр аз забони Бонози Даврон шунида будам. Дар ҳамон лаҳзаҳо дар овози ҳамсари бевамондаи Сафо Боқӣ як алфози мулоимеро ҳис намудам, вале ҳамаи инро ба рўзгори талхи ба сараш омада нисбат додам. Гумон намудам, ки тайи ин ду шабонарўз хуни дил хӯрдаву ашк рехта ва ҳамаи ин ба сараш таъсири манфии хешро расонида.
«Худоё наход чунин бошад?
-Нобоварӣ ба сухани мардон чандон кори хуб нест,» - шунидам посухи чун фаввора аз қалбам бурун омадаро.
-Аҷиб,-гуфтам ман ва бо ин амали хеш Абдурашиду Мирсаидро аз байни андешаҳояшон берун овардам.
-Чияш аҷиб? - пурсид ронанда.
-Ҳамонаш, ки овози он зебосанам дар ёдатон мондаю шаклу шамоилаш не.
-Охир, кӣ медонист…
Чӣ ҳам мегуфтам. Охир ман, ки нони милиса хӯрдаам, ўро аз зери биниам сар додам, ҳол он ки ҳаракатҳояш дар ҳамон шаби тор шубҳаро дар ниҳодам бедор намуда буд, ин ҷо бошад чӣ тавр метавон аз ронандае, ки мусофир ду баробари хизматаш кори ўро қадр намудааст, домангир шуд.
«Сари кафида зери тоқӣ» - аз дил гузаронидам, ман ва бо ронанда хайрухуш намуда, ўро ҳушдор сохтам, ки рафту агар лозим шуда монад, боз вайро ҷеғ мезанем.
Баъди рафтани ронанда ману нозири минтақавӣ муддате сари андешаҳои хеш ғӯтта задем…
**** Субҳи рўзи душанбеи 8 декабр Бонози Даврон худ ба милиса ташриф овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор