Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ба андешаи як нафари иттилодиҳандагон, ки худро хеши на чандон дури Сафо Боқӣ арзёбӣ намуда буд, маҳрум корчаллони ниҳоят гузаро будааст, вале ҳеҷ гоҳ ў дастнигари дигарон нашудааст. Аз ин бармеомад, ки ў аз кассе қарздор ҳам нест. Тайи ин муддат расонаҳои хабарӣ дар бораи марги ў аз нигоҳ ва тадқиқоти журналистӣ хабарҳо паҳн намуданд ва рафту Сафо Боқӣ қарздор мешуд, аздусар онҳое, ки моли хешро баргардондан мехостанд, ба таври расмӣ ба мақомоти тафтишотӣ шикоят менамуданд. Ҳатто тайи ин муддат аз мақомотҳои бонкӣ ва андоз ҳам нисбат ба маҳрум шикояте нашуд. Маҳз ҳамин ҳолатҳо нишондоди ду рўз пештаровардаи Бонози Давронро ба зери шубҳа мегузошт.
«Тайи ҳамин се шабнарўзи охир чор, не аниқтараш панҷ марди ношинос ба дари хонаи ман ангушт зада хабар доданд, ки Сафо аз онҳо қарздор аст. То ҷое, ки аз суханони онҳо ман фаҳмидам, қариб нисфи молу мулки мо аз онҳо будааст. Маҳз барои ҳамин ҳам ба назди шумо омадам», - ба ёд овардам суханони Бонози Давронро, вале…
Шикояти ҳамсари Сафо Боқӣ бо хабарҳои гирифтаи мо ҳеҷ рост намеомад. Дар байни иттилодиҳандагон, албатта, шахсиятҳои ҳасуду бахил, масхарабозон ва сарвайронҳо (психҳо) ҳам буданд, вале мо ки мӯйи сари хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ сафед намуда будем, имконияти пурраи касбӣ доштем, ки сиёҳро аз сафед фарқ намоем…
Занги телефон садо доду ман гӯшакро бардоштам.
- Капитани милиса Сорбони Ҳомид?-пурсид овози занонае.
- Бале, бубахшед, ки шуморо нашинохтам.
- Инаш ба фикрам чандон муҳим нест. Рафту агар ман ному насабамро ҳам гўям, дигаргуние дар фаъолияти кории шумо ба амал нахоҳад омад.
- Шуморо гӯш мекунам.
- Шумо медонед, ки Худораҳматии Сафо аз ҳамсараш нияти ҷудо шудан дошт.
- Не, истед, ки шумо аз куҷо медонед?
- Ахбор аз сарчашмаи аввал аст, афсӯс ки худи сарчашма хушкид.
- Сарчашма гуфта Сафоро дар назар доред ё? …
- Сафоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор