Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бечора духтар аз куҷо медонист, ки мусоҳибаш кист? - нақши ангуштонро ба дактилокарта гирифта истода гуфт Самадов.
  • Ба гумонам, тайи он муддате, ки ў бо ман гап мезад, дар гирду атрофаш касе набуд.
  • Аз борон гурехту дучори барф шуд, - хандида гуфт Самадов ва дактилокартаро ба дасти ман доданӣ шуд.
  • Худи ҳозир ҳарду якҷоя ба ЭКО меравем.
  • Бе қарор?
  • О дар ЭКО ҳама шиносҳои худат-ку, як муқоиса карда бинанд.
  • Не намешавад. Дафъаи гузашта ҳам баъди бурдани нақши ангуштони аз стакан бардошташуда онҳо бандаро огоҳ намуданд, ки бе қарор ягон чизи дигарро қабул намекунанд.
  • Рафиқ, лейтенанти калон.
  • Гӯшам ба шумо, рафиқ капитан.
  • Бо қарор мо танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳоеро мефиристем, ки моҳияти тафтишотӣ доранд, ин ҷо бошад кадом нақши ангуштоне аз телефон-автомат гирифта шуда, ба таври дигар гўем, ҳуҷҷате ки на моҳияти оперативиаш маълуму на тафтишотиаш. Ман донистан мехоҳам, ки оё ҳамин нақш бо нақши сеюм ва ҳайкалчаи Суқрот гирифташуда рост меояд ё не.
  • Рафту дар муқоиса баробар ояд чӣ?
  • Дар он сурат ман худи ҳамон духтарро ёфта, ба таври расмӣ нақши ангуштонашро ба ташхисгоҳ мефиристам.
  • Яъне, ки барои худат ҳам ҷавоби расмӣ лозим нест?
  • Гуфтам-ку, лозим нест.
  • Гумон доред, ки тайи ин ним соате, ки мо то ба ин ҷо омадем, нафари дигаре ба ин телефон наздик нашудааст?
  • Умед мебандем, ки касе ба ҷуз ҳамон муҳосиби ман ин гӯшакро ба даст нагирифтааст.
  • Ин хел бошад…
  • Попытка не пытка.48
  • Майлаш, ман кӯшиш мекунам, ё шумо ҳам ҳамроҳи ман рафтан мехоҳед?

Кӯшидан куштан нест.(мақоли русӣ).

пешина
аз 441
навбатӣ