Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ман гуфтам, ки сабаб ба чунин амал даст задани мо ҳамон боронии чармини сиёҳ шуд.
- Баъди ин муфаттиш андешаҳояшро дар атрофи бардоштани назорат аз қафои Бонози Даврон дигар намуд?
- Не.
- Ӯ духтари ҷасур менамояд. Ҳарчанд ки ў моро дар шикасти амалиёт гумонбар аст, вале донишу малакаи вайро эътироф кардан лозим меояд.
- Ба фикрам, дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест.
- Яъне, ки Бонози Даврон худ дар марги шавҳар гунаҳкор аст?
- Мақому манзалати Бонози Даврон чун гумонбаршудаи рақами як дар нигоҳи муфаттиш то кунун заррае коҳиш наёфтааст.
- Аз нигоҳи худи шумо чӣ?
- Баъди шиносоӣ бо нишондоди Раҳмоналии Маҳмуд метавон гуфт, ки дар марги Сафо Боқӣ ҳамсараш манфиатдор аст.
- Бе ин ҳам нисфи моликияти Сафо Боқӣ дар ҳолати ҷудо шудан ба ҳамсараш мемонд, магар ҳаминаш басанда нест?
- Ҳар қадар сари ин масъала андеша намудам, ҳамон қадар дар торҳои танидаи ин ду тан дармондам.
- «Оиларо аз хушиву нохушиҳо ёбанд, вагарна гум кунанд»,- гуфтани мардумро ҳам сабаб ҳамин аст.
- Ман гумон мекунам, ки Сафо Боқӣ ҳамсари сабукпояшро дар хиёнат муттаҳам карданӣ буд.
- Инро аввал собит намудан лозим, рафиқ капитан.
- Ҳа, албатта.
- Мебинам, ки вақтҳои охир шумо ба эҳсосот дода мешавед.
- Шояд ҳамин хел ҳам бошад.
- Бо духтур Раҳмоналии Маҳмуд суҳбат карданӣ нестед.
- Гумон намекунам, ки ў аз он чӣ ки ба муфаттиши прокуратура гуфтааст, бештар чизеро ба хотир биёрад.
- Набошад, моро ба ҷуз ёфтани ҳамон зане, ки нақши ангуштонашро дар ҳайкалчаи Суқрот гузоштааст, чорае нест.
- Ҳамин хел, вале ҷустани ў ҳамчун ҷустани сўзан дар байни тӯдаи коҳ мешавад.
- Рафту ҳамон сўзан зарур бошад, тӯдаи коҳ ҳам садди роҳ шуда наметавонад.
- Вале бо кадом заҳмат?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор