Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар дар ёдатон бошад, дар китоби «Духтари капитан» васиятномаи Андрей Гринев ба писараш омадааст.

  • Ҳарчанд китоби мазкурро хонда бошам ҳам, вале суханони Гриневро ба ёд оварда наметавонам.
  • Андрей Петрович дар он васиятномаи хеш писарашро огоҳонидааст, ки «Сардоронро гўш кун, надав, то сари туро сила намоянд, мапурс, то ба хизмат фиристанд ва чун ба хизмат фиристоданат, аз амри онҳо сар мапеч. Мақоли халқии «Пероҳанро аз ҳолати хариданаш ва шарафро аз ҷавониат ҳифз намо».
  • Эй Сорбон, Сорбон, ба Худо ман қоил.
  • Он мўйсафедро чӣ ному насабест?
  • Ҷумъаи Зокир, вале мардуми он маҳал ҳама ўро полковник мегўянд.
  • Чӣ ў фарди ҳарбист?
  • Иштирокчии ҶБВ, вале ҷангро бо чашми сар ҳам надидааст, дар охири соли чилу чор ўро ба армия гирифтаанд, вале чӣ хеле ки таърих гувоҳӣ медиҳад, аз 27 октябри соли 1944 пой аду дигар дар хоки ин Ватан намонда. Ҷумъаи Зокир бошад аз хати фронт ҳазорҳо фарсах дуртар будааст.
  • Рутбаи ҳарбӣ дорад?
  • Ба гуфти худаш сержанти хурд будааст.
  • Пас чаро ўро полковник меноманд?
  • Аз рўи нақлҳояш. Чун бо ў ҳамсуҳбат шавӣ, баъд мефаҳмӣ, ки бобои Ҷумъа чӣ шахсест. Агар ба ҳуҷҷатҳои ў дар комиссариати ҳарбӣ шинос намешудам, ки сержанти хурд аст, банда гумон мекардам, ки адютанти Георгий Константинович52 будааст.
  • Дар ҷанг набудасту чӣ тавр аз ҷанг ҳикоят мекунад?
  • Ҳамин хел одӣ. Ҷӯйборро кӣ париду оҳашро кӣ гуфт…
  • Дар пеши даҳон кутал нест, - гўед.
  • Барои мо инаш чандон муҳим нест, муҳим он аст, ки бобои Ҷумъа бисёр одами дақиқназар аст. Ў аз рўи рафтори шахсони аз он кӯча мегузаштагӣ муайян карда метавонад, ки ин шахс кисту чӣ кора аст.
  • Наход?

Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Жуков дар назар аст.

пешина
аз 441
навбатӣ