Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Корҳои ҷустуҷўиро аз рўи расми он духтари хайрхоҳ, ки аз асрори хонадони Сафо Боқӣ бохабар буд, сарвари ШКД ба зиммаи лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф вогузошт. Бо ин амали хеш Ҳамид Ҷовид ба қавле пойи бандаро баҳри ҳаракат дар ин самт баст. Ин амал нек буд ё бад, касе намедонист, вале касе аз нишастагони он маҳфил, аз ҷумла сардори бахш Тоҳир Додобоев ҳам, эътирозе накард.
Чун маҷлиси субҳгоҳӣ анҷом ёфту ҳамагон ба сўи дар ҳаракат намуданд, Ҳамид Ҷовид хоҳиш намуд, ки Тоҳир Додобоев ва банда боз каме таваққуф намоем .

  • Ин субҳ прокурори ноҳия нисбат ба он ки дар корҳои ҷустуҷўӣ пешравие нест, изҳори нигаронӣ намуд, - хабар дод сардори милиса.
  • Беҳтар мебуд, ки ў роҳу равиши корро ба мо ёд медод, - паст наомада гуфт, Тоҳир Додобоев.
  • Шумо дар милиса одами нав нестед, ки роҳу равиши корро надонед. Чаро масъалаи боронии чармини сиёҳро ба гӯшаи фаромўшӣ додед?
  • Мо муайян намудем, ки касе Бонози Давронро бо чунин боронӣ надида будааст.
  • Ҳамаи инро сабаб он аст, ки то ҳамон шаби 27 ноябр ҳаво гарм буд. Модоме ки ҳаво гарм бошад, пӯшидани боронии чармин хандаовар аст, мефаҳмед?
  • Шумо гуфтаниед, ки шояд худи ҳамин тобистон ё тирамоҳ он борониро харидорӣ намудааст, вале ба дермонӣ ҳам бошад, ҳангоми кофтукови манзили зист, мо он борониро наёфтем.
  • Ман чизе гуфтанӣ нестам, вале месазад, ки сари ҳамин масъала майна об намоем. Дирўз Тоҳир Додобоевич ба назди ман даромада, қотеъона талаб намуд, ки дар манзили истиқоматии Бонози Даврон тугмачаҳои набзи овозро гузорем. Албатта, гуноҳи худи мо шуд, ки дар вақташ назорати берунаро аз қафои хонум Бонози Даврон бардоштем, вале назорати телефонӣ ҳам натиҷае надод. Бо ҳама зангзаниҳои зиёд ягон нафар таваҷчуҳи моро бедор карда натавонист ва шояд натавонад. Инаш кам буд, ки боз тугмачаҳои сабти овозро мегузорем ва маҷбур мешавем мошинеро бо техникаи овозқабулкунӣ дар наздикии манзили Бонози Даврон гузорем.
    Акнун, ба ҷуз мошин моро лозим меояд, ки ҳаррўза ҳайати техникиро як маротиба иваз намоем. Барои ҳамин маҷбур мешавем, ки дар як шабонарўз чор нафар кормандро аз ротаи посбонию пайроҳадорӣ ба ин кор сафарбар намоем.
пешина
аз 441
навбатӣ