Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Намедонам.
- Аз кӣ пурсам?
- Намедонам, ман ин ҷо рўзи сеюм аст, ки ба ҷойи модарам кор мекунам, чунки модарам бемор аст. Шояд холаи Зулфӣ ҳам бемор шуда бошад.
Ман боз аз чанд нафар нонфурӯшон дар бораи холаи Зулфӣ пурсон шудам, вале ба саволҳои хеш посухи дурусте гирифта натавонистам.
Кӯшиши аввалини ман дар ин самти ҷабҳа бе натиҷа анҷом ёфт, вале…
Дар кадомин як гӯшаи дилам нуре, чун шуълаи чӯби нимсӯз дар оташдон, ки бо кӯшиши на чандон зиёде аланга мегирад, боқӣ монд…
Бозорро убур намуда, аз самти дигари он баромадам. Дар он маҳал, ки шомили ноҳияи дигар буд, ман касеро намешинохтам.
Сипас вориди дӯконе шудам, ки дар пешгоҳаш: “Молҳо барои зимистон” навишта шуда буд. Ҳарчанд дӯкон калон ҳам набуд, вале он аз молҳои ниёзи мардум, аз қабили палто, борониҳои чармину курткаҳои ранга моломол буд.
«Ҳамаи инро сабаб он аст, ки то ҳамон шаби 27 ноябр ҳаво гарм буд. Модоме ки ҳаво гарм бошад, пӯшидани боронии чармин хандаовар аст», - ба ёд овардам ман суханҳои ду соат пештар гуфтаи Ҳамид Ҷовидро.
Ба дӯкондор шаҳодатномаи хизматиамро нишон дода гуфтам, ки бо ў суҳбат кардан мехоҳам.
Дӯкондор баъди баромадани ду харидори дигар дарро баст ва гуфт, ки тайёр аст арзи бандаро гӯш намояд.
Чун матлаби бандаро шунид, афсӯс бар он хӯрд, ки баҳри тафтишот ёрие дода наметавонад.
Вақте ки ман аз он дӯкон берун шудам, қатраҳои аввалини барф ба рўям заданд. Ҳарчанд то соли нави масеҳӣ боз даҳ рўзи дигар мондааст, вале барф нишонае аз оғози соли нек буд…
Дӯкондор Зафар Бобохон рост гуфт, ки тоҷир наметавонад, ҳама харидоронро ба ёд биёрад ва чун ў аз рўи расми пешниҳоднамудаи ман Сафо Боқиро нашинохт, дигар чӣ ҳам метавон гуфт.
Дар замони Шўравӣ мешуд, аз куҷо харидани боронии чармини сиёҳ он қадар душворие ҳам надошт, чунки он вақтҳо чунин намуди молҳо дар зери назорати қатъӣ буд. Ҳатто барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор