Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Либосҳоямро пӯшида, пушти тиреза рафтам ва онро каме кушодам. Шамоли сарде ба сару рўям зад ва ҳамоно ҳушёртар шудам. Замин пурра дар оғӯши барф буд, зимистон бо пойандози хеш дар остонаи хонадони мо. Дар саҳни ҳавлӣ кӯдакони зиёде яхмолакбозӣ доштанд. Бо азобе ман дар байни онҳо Расулро шинохтам. Ба фикрам, ў барои яхмолакбозӣ тайёрии пурра дида буд. Ду сол пеш дар таътили зимистона Расул ҳамроҳи модараш ба Сағирдашт рафта буд ва чӣ хеле ки баъдтар худи ў изҳор намуд, агар пофишориҳои модараш намешуд, ў ба шаҳр намеомад. Ана ҳамин аст қудрати зимистон…
Маҳз ҳамин барф ва шодии бачаҳои дар саҳни ҳавлӣ машғули яхмолакбозӣ буда мавҷи андешаҳоямро лаппиш дод…
Фасли зимистон барои кулли мардуми Сағирдашт писанд аст. Аслан оғози зимистон дар Сағирдашт дар аввал ё миёнаҳои моҳи ноябр шурўъ мешавад. То соли нав бошад, баландии барф то ба як метр мерасад. Аз чӣ бошад, ки мардуми таҳҷоӣ барфро кӯрпаи замин арзёбӣ мекунанд. Маҳз дар болои ҳамин кӯрпаи табиат бозии маъмул бузкашӣ оғоз мегардад. Қариб ҳар рўз ҷавонмардон бо ин амали хеш куфти корҳои мавсимии хешро ҷуброн мекунанд.
Тамоми ҷавонон фасли зимистонро бо лижатозӣ паси сар мекарданд. Хатсайри ин муҳорибаҳо аз Шопашанг оғоз мешуду дар кӯпруки «Ҳамадак» анҷом меёфт, ки масофаи на камтар аз чор километр буд. Баъзеҳо то наздикии деҳаи Олунӣ мерафтанд, ҳарчанд ин қисми роҳ ҳамвортар буду баҳри лижатоз мушкилии зиёдеро пеш меовард. Боре баъди дарс, мо он вақт дар басти дуюм мехондем ман ҳамроҳи чанд нафар ҷӯраҳоям ана то ҳамин мавзеи Олунӣ рафтем. Чун ба он ҷо расидем, шаб шуд. Шабҳои Сағирдашт ниҳоят сарданд. Баъди ду соат мо ба деҳа баргаштем ва модарам хуни шахшударо дар рухсораҳоям дида қариб аз ҳуш рафта буд. Бечора модарам гумон намудааст, ки касе маро латукуб намудааст ва хуни дар рухсораҳоям шорида аз хунукӣ ях бастааст. Хайрият падарам ба асли воқеа дуруст сарфаҳм рафту маро аз истинтоқи модарам раҳо кард.

  • Бори аввал мешунавам, ки рухсораи бача аз хунукӣ мекафидааст, - мегуфт модарам.
пешина
аз 441
навбатӣ