Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ҳа, ба милиса.
- Ўро дар милиса чӣ коре будааст?
- Намедонам.
- Набошад, маъзарат мехоҳем, - гўён мо аз дарвоза берун шудем, вале ҳамин лаҳза фикре ба сарамон омада, аз ҷайб он расмро бароварда ба дасти Парвона додем.
- Ин кист? - бепарвоёна гуфт набераи бобои Ҷумъа.
- Ин духтарак дар ҳамин маҳал зиндагӣ мекунад.
Парвона ба акси дар дасташ буда хеле нигариста гуфт, ки духтарро боре ҳам надидааст. - Ин ҳеҷ мумкин нест, ўро ҳатто бобоят дидааст, - эътироз намуд Абдурашид.
- Шояд аксро ба Малика нишон нишон диҳам.
-Оё беҳтар нест, ки Маликаро ба ин ҷо ҷеғ занед? - хоҳиш намудам ман. - Хуб шудааст, - гўён Парвона аз пайи хоҳиши мо рафт.
- Шояд мӯйсафед ягон гуфтание дошта бошад? - пурсид Абдурашид.
- Намедонам.
- Ана Малика,- апаашро ба мо шиносонид Парвона.
- Марҳамат ба хона дароед, пушти дар истодан хуб нест, - гуфт Малика, вале мо бо далелҳои қатъӣ сухани ўро рад намудем.
Малика духтари ҳаждаҳ-бистсолае буд. Қомати баландаш ба ҳусни модарзоди ў ҳусни нав зам мекард. Абрӯвони пайваста ва чашмони сиёҳи чун олу дошт. Рӯяш чун кулчаи ширмол, биниашро гўё худованд баҳри тасвир офарида. Аз дидани ин пайкараи зебо ба фикрам дар дили Абдурашид алангае бархост. Духтар ҳам бо як нигоҳ матлаби шогирди бандаро пай бурд, ки нигоҳашро ба замин дӯхт. Шояд аз нигоҳи чун харидори Абдурашид ў чизеро дарёфт, ки рухсораҳои чун кулчаи ширмолаш боз ҳам лолагунтар гаштанд… - О, ин чӣ хел мешавад? - нигоҳашро аз замин наканда гуфт Малика.
- Аслан медаромадем, вале чун полковник ба суроғи мо рафтааст, кори хуб намешавад, - узр пеш овардам ман.
- Аз ман чӣ мехостед?
- Абдурашид!
- Ман, рафиқ капитан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор