Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Капитани милиса лакоту хаста боз ба идора баргашт.
Баргашт бо андешаи “Дурная голова ногам покоя не даёт” ва аз соддагии хеш шармаш омад. Охир ӯ ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки кадом инсони дар ҷиноят даст дошта баъди анҷоми амалиёт ба меҳмонхона меравад?
Тоҳир Солеҳ ҳам ӯро дида арзи дил намуд, ки дар давоми рӯз қариб бо дусад ронандаи таксӣ суҳбат намудааст, вале ягон нафари онҳо бо маллоҳ рӯ ба рӯ наомадааст.
-Яъне, шикаст болои шикаст.
-Ҳамин хел.
-Дигар аз кадом нӯги ресмон доштанамонро ҳам намедонем.
-Фотеҳзода Зулайхои Валӣ пешниҳод намуд, ки маллоҳро тариқи ВАО ба милиса даъват намоем.
-Гуфтаниед, ки ӯ суроғаи маллоҳро намедонад?
-Намедонад.
-Ному насабашро чӣ?
-Номаш Карим будааст, насабашро напурсидаст, вале кафолат дод, ки мо беҳуда аз маллоҳ домангирем.
-Онҳо дар куҷо шинос шуданд?
-Дар пеши фурудгоҳи Домодедово ва на бештар аз панҷ дақиқа суҳбат намуданд.
-Яъне, вохӯрии сарироҳӣ?
-Бале.
-Панҷ дақиқа суҳбат намуда кафолат дод, ки ҳамсуҳбаташ бегуноҳ аст, рафту ба маллоҳ ошиқ шуда бошад?
-Агар майли вай ба маллоҳ мебуд, суроғаашро мепурсид, вале ҳамин беҳаракатӣ худ ифшокунандаи дили бедарду доғи духтар аз нигоҳи муҳаббат аст.
-Занҳоро фаҳмидан душвор.
-Мо бояд пешниҳоди ҷавонзанро қабул намоем.
-Рафиқ капитан, шумо аз ман беҳтар медонед, ки мо худ чунин ваколат надорем, вале онҳоеро, ки чунин ваколат доранд, бе далелҳои раднашаванда ба чунин амал ҳидоят намудан аз ёфтани маллоҳ душвортар аст. Рафту агар даҳ сол пеш чунин амал рух медод, ёфтани як маллоҳ душвориеро пеш намеовард, чунки мо имкон доштем аз фурудгоҳи интиқолдиҳанда рӯйхати мусофирони тайёраро талаб карда гирем, вале ҳозир чунин амал қариб бе натиҷа хоҳад анҷом ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё