Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман борҳо кўшиш ба харҷ додам номи Нигораро, ки ба мардуми қитъаи дигари дунё чун Амрико ба табиат ва боигариҳои он арҷ мегузошт, аз дафтари хотироти монитор дур созам, вале ҳама кӯшишҳоям барабас рафтанд…
Ниҳоят ба хулосае омадам, ки тайи чанд соли дар Амрико будан аҷаб нест, ки Нигора ба ҷуз табиатдӯстӣ боз фанҳои дигареро низ аз худ накарда бошад. Дар куҷое хонда будам, ки беҳтарин чизе, ки дар Амрико ба назар мерасад, ин табассуми мардум аст, табассуме, ки он баробари як дона ҷав қадр надорад, чунки агар зор монию аз касе ба қадри як сент ёрӣ талабӣ, дастат нагиранд…
Табассуми қоқ чун лой қоқ аст, ки дар девор начаспад ва боз кӣ медонад оне, ки рўи монитори хотироти бандаро пурра ба иҷора гирифтааст, дар он сӯи уқёнус аз кадом илмҳо бохабар гашта…

  • Нияти ба хона рафтан надоред? - дарро кушода пурсид сардори бахш, ки худ омодаи хонаравӣ буд.
    Мисли оне ки барқ хомўш мешаваду дар монитор навиштаҷоти ба хотироти компютер ҷо ба ҷо нашуда гум мешавад, банда низ тамоми андешаҳои хешро қариб аз даст додам…
  • Соат чанд? - ба ҷойи посух гуфтам ман низ.
  • Ба пушти дар нигаред, - хандида бигуфт мусоҳибам, ки ҳанўз дар остона буд.
    Чун чашм болои дар бурдам, ақрабаки соат 2020 дақиқаро нишон медод ва дигар сухане нагуфта, коғазҳои болои мизро ба ғалладон гузошта, аз ҷой бархостам. Палтоямро аз либосовезак гирифта, чароғро хомӯш намудам…
    Муддате ману сардори бахш паҳлуи ҳам дар кӯча қадам задем ва дар интиҳо қарор додем, ки дар истгоҳ омадани автобусро интизор шавем. Тайи чанд дақиқаеро, ки мо омадани автобусро интизор шудем, банда фикру андешаҳои хешро дар атрофи дўстии Нигораи Собир ва Бонози Даврон баён намудам.
  • Андешаҳои аҷиб ва месазад сари ҳамин масъала боз каме майна об намоем, - гуфт Тоҳир Додобоев ва мо ҳарду худро дохили автобус гирифтем…

**** Рӯзи душанбеи охирини соли сипаршуда дар нисбати ҳама рўзҳои ҳафтаҳои пешин вазнинтар омад.

пешина
аз 441
навбатӣ