Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳайати мушовара ҳамаи он чормағзҳои пучи овардаи шуморо дар сари ман шикастанд. Ё гапам нодуруст, Сафар Бобохонович? - ба тарафи муовинаш нигариста пурсид Ҳомид Ҷовид.
- Не дуруст, гуфт Раҷабов, ки ҳамагӣ се рўз пеш ба ин вазифа таъин шуда буду то ҳанўз ҳамаи ҳайати шахсиро ҳам дуруст намешинохт. Ў марди баландқомати паҳлавонҷуссае буд, ки шояд дар тамоми милиса касе аз ў баландқоматтар набуд. Ба ҳамин ин нигоҳ накарда Раҷабов марди фурӯтане буд, ки тайи ҳамин се рўз ҳамагон ўро дўст доштанд…
- Пас чӣ бояд кард? - пурсид сарвари ШКД.
- Шояд ман як-ду сухан гўям? - пурсид Раҷабов.
- Марҳамат.
- Чун банда ҳанўз ба рафти кор пурра шинос нестам, вале аз суханрониҳои имрўзаи шумо чи дар маҷлиси мушовара, чи дар маҷлиси умумӣ бо ҳайати шахсӣ ва акнун дар ҳамин ҷо ба хулосае омадам, ки Сафо Боқӣ танҳо аз рўи рашк ба хонаи дар кӯчаи Беҳзод доштааш рафтааст: Ё ман нодуруст фаҳмидам?
- Не, ҳамааш дуруст, гуфт Ҳамид Ҷавид.
- Дар ин ҷо Тоҳир Додобоевич гуфт, ки итминони комил дорад, ки Сафо Боқӣ ба он манзил бо роҳбаладии касе рафтааст. Дар ин бора баҳс намекунем, чунки то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад, вале интизориро ҳам ҳадду каноре ҳаст ва мо наметавонем боз як моҳи дигари соли навро дар интизори онҳое гузаронидем, ки шояд то вақту соаташ дар окоп62 нишастанд. Ба замми ин, ман имрўз аз рўйи шунидаҳоям ба хулосае омдам, ки ҷиноят дар асоси рашк сар зада. Ба таври дигар гўем, Сафо Боқӣ дар асоси нишондоди кадом як худозадае дунболгири ҳамсараш гаштаву ҷони хеш аз даст дода. То кунун ягон мард зани бегонаеро рашк накарда, пас маълум аст, ки сайди сайёд ҳамсараш будӣ ва ў аз рўи рашк ўро дунболгир шуда…
Оқибати кор ҳам ба ҳамагон маълум аст. То ҷойе ки мо медонем, дар марги Сафо Боқӣ ба таври ростхата ва ё ғайримустақим ҳамсари ў даст дорад, пас чаро мо ўро ба маҳкама намекашем? Чунки медонем, собит намудани гуноҳи ҷинояткор аз ёфтани худи ў мушкилтар аст…
Окоп – хандақ, пинҳонгоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор