Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман худам ба милиса рафта арз намудам, ки тайи ду-се шаб панҷ нафаре ба хона омада худро саҳмдори моликияти мо эълон намуданд.
  • Магар ин рост аст?
  • Содда будаӣ.
  • Ту чӣ ақлатро хӯрдаӣ?
  • Оҳистатар, оё нашунидаӣ, ки девор муш ва муш гӯш дорад
  • Чаро бо ман сухане нагуфта ба милиса тохтӣ?
    -Ассалому алайкум.
  • Чӣ маро масхара мекунед?
  • Туро?
  • Ҳа маро.
  • Оё худат медонӣ, ки чӣ гуфта истодаи?
  • То кунун ман ақламро гум накардаам.
  • Ҳозир гуфтӣ, ки чаро ман бо худат маслиҳат накарда ба милиса тохтам ё нагуфтӣ?
  • Гуфтам .
  • Чунки туро наёфтам.
  • Дурӯғ. Ман чанд рӯз дар офис будам.
  • Ба офис рафта тавонистӣ, вале то ба ин ҷо омадан бароят душворӣ намуд.
  • Ба ин ҷо мегӯед?
  • Ҳа, ба ин ҷо, охир шумо дӯсти Сафо будед, ё касе роҳатонро баст?
  • Медонед вай милиса он рӯз тавре ба ман нигоҳ кард, ки …
  • Кадом милиса?
  • Сорбони Ҳомид.
  • Чӣ хел нигоҳ кард?
  • Нигоҳе, ки саросар ғубору нафрат аст ва инаш ҳам дарди бахайр буд агар…
  • Агар чӣ?
  • Агар имшаб, ҳангоме ки ман баҳри вохӯрӣ бо ў даст дароз намудам, «дасти нопокатро гир» намегуфт. Ба бахти банда, ки ҳамон калонашон омаду ўро ба ҷояш шинонда бандаро то субҳ ҷавоб дод.
  • Ту бошӣ рост ба ин ҷо омадӣ?
  • Гумон дорӣ, ки онҳо аз қафои банда чун соя омаданд?
  • Аз куҷо донам.
  • Метавонед осуда бошед, ман ҳам дар ин ҷода баъзе ҳолатҳоро мефаҳмам ва гоҳ-гоҳ ба қафоям нигаристам.
пешина
аз 441
навбатӣ