Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ҳа шумо, чунки…
-Чунки чӣ?
-Чунки ў субҳи фардояш шуморо шармандавор аз хонааш пеш мекард, ин бошад ба фоидаи шумо набуд. Маҳз барои ҳамин ҳам шумо худ ўро бардошта, то балкон бурдед ва аз он ҷо ўро сарозер ба поён партофтед, чун ў беҳуш буд, дод ҳам назад, агар ў дод мезад, ҳатман ягон кас огоҳ мешуд, чунки дар он лаҳзаҳо ҳама чароғҳо хомӯш шуда буданд ва касе ҳам дар паси оинаи нилгун набуд. Гумон мекунам ҳама сокинон дар он лаҳзаҳо дар пушти тирезаҳо интизори фурӯзоншавии чароғҳои барқӣ буданд ва мулоимтарин садоро ҳам шунида метавонистанд.ва барои имдоди садодиҳанда аз манзилҳои хеш ба берун мебаромаданд…
-М..м..м..а..а..н..н…
-Ҳа шумо, агар бовар надоред ана ин ҷо хулосаи ташхисгари тиббӣ-судӣ, мехоҳед онро ба шумо қироат намоям, ки аз зарбаи ба сараш гирифта Сафо Боқӣ дигар ба ҳуш наомадааст? - Лозим нест.
- Шумо аз рўи нафс шуда ба ин амал даст задед, чунки намехостед сарвати ўро ҳатто аз рўи қонун тақсим намоед ва нафси бадатон балои ҷонатон шуд.
-Акнун чӣ мешавад? - бо овози ларзон пурсид Бонози Даврон.
-Мо то кунун тавбаи шуморо нашунидаем, ки баҳратон сабукиеро ҷўем.
-Вақте ки ман бо ҳайкалча ба сари ў задам, дар ҳақиқат ў аз ҳуш рафт, гумон намудам, ки ҷон дод ва ҷисми ўро то балкон бурда, аз он ҷо сарозер ба поён тела додам, то бинанда гумон созад, ки ў ҳангоми афтидан мурдааст. Қасам мехӯрам, ки агар ман ўро мурда намепиндоштам, ҳаргиз ба поён намепартофтамаш…
-Мо донистан мехостем, ки боз кадом ҳолатро аз ёд баровардед?
-Ҳамаи буду шудаш ҳамин. Гуфтам-ку, агар ман мефаҳмидам, ки Сафо зинда аст, ҳаргиз ба чунин амал даст намезадам. Вақте ки ман бо он ҳайкалчаи лаънатӣ ба сараш фаровардам, ў як оҳ гуфту дастонашро аз гулӯям сар дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор