Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Фаромуш насозед, ки занҳое чун Светлана Андреевна як рӯз пеш аз шайтон ба дунё омадаанд ва қобилияти бо ханда куштани мардро доранд.
Тамоми шаб ӯ мижа таҳ накард ва дар ҳолати нимхобию нимбедорӣ худро чандин бор дар зодгоҳаш дид...
Моҳи май сол 1991 Карими Кабирро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР даъват намуданд. Тақдир ӯро то ба Шарқи Дур овард. Аз Шарқи Наздик ба Шарқи Дур. Аз Шарқе, ки дар муҳиташ чандин давлатҳоро фаро гирифтааст ва аз диёри ӯ то маркази маъмурӣ, ки ҷаҳониён онро Кремл ном мебаранд, бо ҳавопаймо чор соат роҳ аст, ба шарқе, ки аз Кремл то ба он ҷо бо ҳавопаймо нуҳ соат парвоз мекунед.
Ана дар ҳамин муҳит Карими Кабир ба сифати матрос дар Флоти Баҳрии Уқёнуси Ором ба хизмат оғоз бахшид ва чун аз походи аввалини ҳарбӣ-баҳрӣ ба Владивосток омад, аз он давлати коргару деҳқоне, ки аз забони бобояш шунида буд, дигар нишоне намонда. Чун аз забони бобояш Акрам, ки иштирокчии ҶБВ буд, дар бораи давлати сағирапарвар будани СССР хеле суханони нек шунида буд, нахост дар лаҳзаи тақдирсози Ватани ягонаи ҳамаи қавму миллатҳо, ки тай беш аз 70 сол чун ёру бародар паҳлуи ҳам кору зиндаги мекарданд, мисли кӯрмуш киштиро тарк созад...Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб гардидаву дар марҳилаи аввали хизмат ӯ пешниҳоди ҳайати фармондеҳиро дар бораи пеш аз муҳлат анҷом додани хизмати ҳарбӣ рад кард. Баъдтар дар диёраш ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва баъди гирифтани розигии бобояш ӯ ба шартномаи дароз кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ имзо гузошт ва бо роҳхати фармондеҳи Флот дар шаҳри Владивосток курси шашмоҳаи мактаби ҳарбии прапоршик ва мичманҳоро хатм намуда, боз барои адои хизмат ба Флот баргашт ва беш аз ҳашт сол аст, ки тақдири ӯ бо ин шаҳри саноатӣ алоқаи ногусастанӣ дорад ва имрӯз баъди бозгашт аз сафари дарозмудат ӯ яку якбора ду хабари нохуш шунид ва ҳарчанд русдухтар муҳаббати аввалини ӯ буд, вале рафтори ҳамсар оби рехта ва шишаи бишкастаро ба ёдаш овард ва боз суханони ҳамсоя Алёна Николаевна мардро ба ниҳодани қадами мардона ҳидоят намуд, ки сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест, вале...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё