Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Баъди се-чор дақиқа ӯ аллакай дар хонаи амаки Зулайхо буд.
- Шумо дар Москва кор мекунед?
- Не, дар Владивосток.
- Ҷойи нағз.
- Магар шумо ҳам он ҷо будед.
- Ҳа, тахмнан даҳ сол пеш дар осоишгоҳи “Приморе”3 будам.
- Дар милиса кор мекардед?
- Ҳа, старшинаи милиса будам. Ҳоло нафақахӯр. Сию панҷ сол дар милиса хизмат кардаму бисту чор сомонӣ4 нафақа мегирам. Бало пирӣ шавад, ҳоло як чой мемонам.
- Ташвиш накашед, маро рафтанам лозим ва донистан мехоҳам, ки чаро шумо танҳоед?
- Омадан бо иродату рафтан бо иҷозат.Ман шуморо ба ягон ҷо рафтан намемонам. Ба замми ин, то кунун аз аҳволи Зулайхо пурсон нашудаам. Худо баракати умрашро диҳад, ки ҳамеша аз аҳволи мо хабардор шуда меистад. Моро чандин бор ба Русия даъват карда гуфт, ки илоҷе намуда шаҳрванди Русия шавем, нафақаамон зиёд мешавад, вале худам қабул накардам. Нафақаамон кам ҳам бошад, мо дар Ватан ҳастем ва шукри обу нонашро мекунем. Бовар намоед гадо ҳам дар мулки хеш шоҳ аст ва Худо нигоҳ дорад аз шоҳе, ки дар ғарибӣ умр ба сар мебарад. Ду духтарчаамон ҳаст. Мардумон беҳуда нагуфта буданд, ки “духтар устухонест дар даҳони саг” ва он ду паршикастаи мо ҳам яке дар Хуҷанд зиндагӣ дораду дигаре дар Бишкек ва боз чандто набера дорем. Кампирам ба аёдати набераҳои Хуҷандиамон рафтааст. Ман бошам ба қавле қаровули хона,-хандида гуфт мӯйсафед ва меҳмонро, ки ҳанӯз нияти бо ӯ худоҳофизӣ намудан дошт, аз райъаш баргардонидан хост.
-Хайр хуш монед, амак. Бевақт шуд, акнун рафтанам лозим,-гуфт мичман Карими Кабир ва аз ҷой бархест.
-Аққалан як пиёла чой ҳам нагирифтед?
3
Осоишгоҳи ВКД СССР дар шаҳри Владивосток.
Бисту чор сомонӣ баробари 8 доллари амрикоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё