Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Боз кӣ? - бо овози гирифта пурсид гумонбаршуда, ки аз рӯйи нигоҳ ба андешаи мо сабру таҳаммул оҳиста - оҳиста аз даст медод.
-Агар дар хотир дошта бошед, духтараке дар хоначаи шишагин аз бинои 59/6 кӯчаи мазкур ба хотир овард, ки шумо бо либоси “хизматчии барқ” вориди бино шудед. Ин ҳамон биноест, ки Мижгони Файз зиндагӣ мекард. Маҳз аз рӯйи ташхиси тиббӣ марги вай ба ҳамон вақте рост меояд, ки шумо дар дохили бино ҳамчун хизматчии барқ ифои вазифа менамудед.
-Чаро ман қасд ба ҷони вай менамудам? Рафту агар бандаро чунин мақсад дар сар мебуд, онро баъди ҳодисаи ба сари Тоҳир омада амалӣ мекардам, вале астағфуриллоҳ гуфтаву дастамро ба хун олуда накардам ва акнун шумо аз ман киллер сохтан мехоҳед. Мототсиклро истифода бурдам, инкор накардам, вале амалеро ки дар он даст надорам, чаро ба душ мегирифтам. Инсоф намоед, охир ман беморам ва наход барои як сухан, дигар домони маро то қиёмат д истед? Дигар тоқати шунидани суханони таҳқиромези шуморо ҳам надорам. Духтур...
-Худаш чӣ гап? - дарро кушода пурсид ҳамшираи шафқат.
-Маро аз чанголи инҳо наҷот диҳед, - овоз рӯшан кард гумонбаршуда, ки болои бистар мехобид.
-Ман ҳозир навбатдорро ҷеғ мезанам, - гӯён ҳамшира аз самти муқобил дарро пӯшид.
Баробари пой ба остона гузоштани навбатдор нафаре, ки замоне мақомоти тафтишотиро ба хунукназарӣ гунаҳкор карда, бе ҷазо мондани гунаҳкорро нишонаи беқонуниятӣ номида буд, аз болои мо шикоят намуда, ҳаракатҳоямонро дар нисбати хеш фашистона арзёбӣ кард.
-Хоҳиш мекунам то субҳи фардо ӯро ба ҳолаш гузоред, - илтиҷо кард навбатдор.
-Зид нестам, вале аз ҳамин лаҳза ман ӯро боздошт менамоям ва дар пушти дар дидбонгоҳи милисаро мемонам,

  • бо як мулоиматӣ гуфт сарвари гурӯҳ Фурӯғи Шариф.
пешина
аз 527
навбатӣ