Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди нӯшидани чой ӯ пиёларо ба дасти Бутаков дода гуфт:
-Дар ноомади кор атола дандон шиканад.
-Аз каломи гуфтаатон чизеро нафаҳмидам, - изҳори нигарони намуда гуфт муфаттиш.
-Шумо ҳамаро мефаҳмед, ҳатто ҷунбидани кайкро дар зери фарш, вагарна ҳаргиз дар ин шаби сарду хомӯш ба шунидани оҳанги тавбаи банда намеомадед.
-Чӣ хеле гуфтам, ҳама амалеро подошест, ҳарчанд он тобеъ ба вақт аст, вале мехостем каломи пешини хешро каме шарҳ медодед ва чаро гумон доред, ки атола дандон шиканад.
-Ҳамаашро сабаб он аст, ки баъди он фалокати автомобилӣ бо тавсияи духтур ман бо айнак мегаштам ва ба қавле айнак мунису ҳамдами ҳамешагиам буд. Маҳз айнак буд, ки банда сабаби хориҷ намудани хешро аз авиатсияи калон ба ҳодисаи ба сари бародарам омада рабт медодам.
Дар асл бошад, чунин набуд, чунки дар фалокати автомобилӣ банда сахт лат хӯрдам ва аз ҷиҳати равонӣ ҳам осеби калон гирифтам. Маҳз ҳамин осеб мижазаниро дар чашмонам нобаробар сохт ва духтурон ба хулосае омаданд, ки бо чунин аҳвол дигар ман паси штурвал78 нишаста наметавонам.
Ҳарчанд дар намуд ман ҷавонмарди ҳузарбу паҳлавонҷусса менамудам, вале дар асл мижазании бе рабти як чашм доғи сиёҳеро дар рӯй моҳ ба ёд меовард. Шояд мардум гумон доштанд, ки бо чунин тану туш агар ба девор мушт занам девор меафтад ва касеро ба гӯшаи хотир ҳам намеомад, ки кашиши бештари як чашм ҳам барои пилот фоҷиа аст. Дигар ҷойи пинҳон кардан ҳам нест, чунки ман борҳо аз рӯи ҳодисаи ба сари бародарам омада то ба куҷоҳое шикоят накардам ва беадолатиро низ дар ин самт ба хуби дарк намудам, вале мардум сабаби аз авиатсияи калон рафтанамро дар тезии забонам медиданд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед нагуфта будам. Акнун ман марди дар аъроф мондаро ба хотир меовардам, ки бо чунин тану туши ҳузарб дари авиатсияи калонро ба рӯям баста буданд.

78 Штурвал – чанбараки самолёт (рул).

пешина
аз 527
навбатӣ