Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Бубин, ки занги телефониро баҳона кардаву ба хонааш рафт, вале лаҳзае пас ҳамроҳи соҳибхона вориди он манзил шуд. Чаро?
На ҳар кас қадри некӣ медонад ва чаро нафаре, ки нишастан дар дохили аквариум ба ҷонаш задааст ва калиди хонаи бонуи ашрофзодаро дар даст доштаву то андозае аз рӯзгор ва бурду бохти ӯ дар зиндагӣ огоҳ аст, баҳри иваз намудани ҷойи ӯ дар зиндагӣ талош наварзад. Барои ҷавонзане чун Сабоҳати Комил бо он ҳусни Худодод ба даст овардани дили марде, ки тайи даҳ сол омадани вориси хешро интизори дошт, кори чандон душвор ҳам набуд
-Аслан онҳо ҷуфти муносиб буданд?
-Пойдории оила пеш аз ҳама ба танинандоз гаштани суруди алла вобастагӣ дорад. Дар акси ҳол ба гумон аст каломе дар ин бора ба забон овардан . Ҳарчанд тафтишот дар ин бора то кунун далелҳои муътамад надорад, вале он чӣ банда аз забони Сабоҳати Комил шунидам, далели равшани ҳамин андешаҳоянд. Агар Сабоҳати Комил дар ин бозии қисмат худ шарик набошад, рафти минбаъдаи тафтишот, албатта, обро ба лаби ҷӯй баробар хоҳад кард, агар ин ҳама андешаи беобуранг набошад. Андешае чун шабеҳ ба секунҷаи Бермут: шавҳари доро ва ошиқи зебо. Ва ё ошиқи ба ҷономада, ки дар талоши вайрон намудани ин сафинаи зебои муҳаббат аст, бехабар аз он, ки сафинаро хӯҷаини аслиаш ба хотири муҳаббати дигаре ба таркиш тайёр намудаву лаҳзаи муносибро интизор буда, то онро таркондаву ғарқ намояд.
Шояд ошиқ муддати маддиде дар талоши ба даст овардани маъшуқаи хеш буда ва кӯшиши охирини вай дар барқарорсозии муносибати қавитар бо фоҷиа анҷом ёфта.
Ҳамаи инро метавон сабаб он буд, ки хӯҷаин аз рахна шудани сафинаи муҳаббаташ огоҳ гардидаву бо як тир ду нишон задан хоста, ки он яке ҳифзи пурраи молу мулк буда ва дигаре аз ҳамсояи ба намакдон туф намудааш дар охир қасди хеш ситондан.
Дар торикӣ ҳам бошад, ман дубора лаҳзаи суҳбати хешро бо Комрони Нодир ба ёд овардам. Аслан ӯро Сабо ҳамчун ҳамсоя муаррифӣ намуд. Хизматгордухтар гуфт, ки Комрон тариқи телефон ба “Ёрии таъҷилӣ” ва милиса занг зад ва лаҳзае пеш аз омадани мо табибони ба ёрӣ омадаро гусел кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё