Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Новобаста аз он ки Сабоҳати Комил маҳрумро ҳамчун ашрофзан муаррифӣ намуда буд, касе аз ҳамсоягон дар бораи вай каломе ба забон овардан нахост, ё шояд аз рӯй таомул дар нисбати маҳрум аз сухани бадро ба забон овардан худдорӣ намудаву хомӯширо алво донистанд ва новобаста аз он ки маҳрум дар чунин як бинои хуштарҳу замонавӣ зиндагӣ дошт, вале манзили зисташ акнун гӯри ғариберо ба ёд меовард, ки не каломе, не гуле, не пари парвона он ҷо ва не садои булбуле.
Ҳамааш чун афсонаи буду набуд. Буд - набуд тамом ва салом.
Ҳатто нафаре аз ҳамсуҳбатонам милисаро дар хунукназарӣ гунаҳкор намуда гуфт, ки ин ҳама натиҷаи бе ҷазо мондани онҳоест, ки қонунро поймол намуда, бо ҳар роҳу восита аз об хушк мебароянд ва милиса то ҳанӯз дарк накардааст, ки бе ҷазо мондани гунаҳкор бе қонуниятиро ба бор меорад.
Ҳарчанд соатеро дар он маҳал сипарӣ намудам, ба ҷуз ҳамин каломе, ки он ҳам шакли расмӣ надошт ва нафари як сохтори калонро дар хунукназарӣ гунаҳкоркунанда, ки ному насаби хешро ҳам нагуфта рафт, бандаро водор намуд, ки бе омӯзишу таҳлили рӯзгори нафаре, ки ҷони хеш аз даст додааст, моро роҳи дигаре нест. Ҳарчанд ҳамсуҳбати охиринам бо каломи сермурчу қаланфури хеш қалбамро шикаста буд, ин ҳама дар нисбати бозёфти дохили ахлотқуттӣ, ки акнун ҳампешагонам ҳамчун далели шайъӣ ёфтаву гирифта рафта буданд, ҳеҷ буд.


Дар асл ҳодиса ҳодисаи одӣ набуд ва агар он дар Қутби Шимолӣ ё Антрактида рух медоду шоҳиде пайдо намешуд, боиси таассуф ҳам набуд, чунки дар он ҷойҳо ба садҳо километри мураббаъ иқомати як ё ду нафар рост меояд, вале ҳодиса дар маркази шаҳре рух дод, ки беш аз як миллион аҳолӣ дорад ва боз дар он бино садҳо манзили истиқоматӣ қомат афрохта, гуё дар ҳамон нисфирӯзӣ ҳама дар хоби ғафлат буда ва нафаре аз хоби ҳамагон истифода бурда вориди бино шуда, то ба ошёнаи ҳафтум баромада, қасд ба ҷони Мижгони Файз намуда. Роҳравон ба тарафи истгоҳ ҳаракат карда, ман боз суханони нафареро ба ёд овардам, ки мақомоти милисаро дар хунукназарӣ ба ҳодисаи мазкур гунаҳкор намуд.

пешина
аз 527
навбатӣ