Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Алоқаи доими телефонӣ бошад, танҳо дар маркази ноҳияи Файзбор кор мекард, вале бинобар омад накардани корҳояш дар маҳаллҳои атрофи Дударгӣ командири собиқ ин мавзеъро тарк карда наметавонист. Дар рафти баҳисобгирии пашму пӯст ў оид ба ҳодисаи ба зери сангчарх мондани мошин аз забони мардум, ки қисме аз худи онҳо дар баровардани ҷисми беҷони Сайёд Ватан иштирок намуда буданд, хабарҳои зиёде шунид ва ҳатто тариқи саволҳои пардапӯшона, ки оё мақтул бо худ ягон маблағ ё моли қиматбаҳо надоштааст, мардумро ба суҳбат ҷалб намуд, вале касе ба саволҳои пасипардагии ў сарфаҳм нарафта, ҳамагон ҷавоби инкор доданд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар маҳаллаҳои атрофи Дударгӣ баҳисобгирии ашёи хомро давом медод. Касе аз ў ҳуҷҷат намепурсид. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки ў бо мошини ГАЗ-53, ки кузови оҳанини пӯшида дошту дар паҳлуяш бо ҳарфҳои хоно "Живсирё" навишта шуда буд, ба деҳаи Сайёд омад. Мардумон аз мошини мазкур фаромадани ўро диданд. Онҳо чӣ будани чунин мошинҳоро ҳам медонистанд. Дар замони Ҳукумати Советӣ Малла Ҳусейн бо чунин мошин пӯсту пашм ҷамъ мекард. Ба қавле ҳамин мошине, ки Дороб Қамарро то ба деҳаи Сайёд овард, худ муаррифгари вай шуд… Дороб Қамар ҳам ҳанўз аз лаҳзаи аввали ба мошини мазкур нишастанаш нақшаи муаррифӣ намудани хешро дар ҳамин самт кашид. Новобаста аз он ки ў ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта буду мардум аз вай ҳамкориҳои калонро умед доштанд, як гўшаи дилаш хиҷил буд.
Дар нимаи дуюми рўзи дигари ба деҳаи Сайёд омаданаш ў оқибати фикри хешро оид ба варианти дуюми кор гузаштан ба ёд оварда дилаш фишурда шуд. Баъди дар мизони ақл баркашидани паҳлуҳои кор, ки аз рўйи дастури додааш бояд шогирдон амал мекарданд, ба хулосае омад, ки дар амри хеш чун дирўз бояд моратория эълон кард. Маҳз ба ҳамин хотир ў ба таксие нишаста, ба шуъбаи алоқаи маркази ноҳия омад ва аз он ҷо бо Сайф Насим дар тамос шуд…
- Супориши шуморо аз рўйи варианти дуюм иҷро намудем, - тариқи телефон гузориш дод Сайф Насим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор