Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Чӣ?
- Супориши шуморо аз рўйи варианти дуюм иҷро намудем.
- Кай?
- Субҳи ҳамин рўз, расо чоруним соат пеш.
… - Шеф чаро хомӯшед? Гап занед, мо чӣ кор кунем?
- Интизор шавед, каме пас ман худам занг мезанам.
Вай бо духтараки алоқачӣ ҳисобӣ намуда берун баромад.
Ў тамоку даргиронида аз пеши дари даромадгоҳи бинои шўъбаи алоқа каме дуртар рафт, то ҳодисаи ба вуқуъ омадаро дар мизони ақл баркашад. - Хуш, тайи ин ду рўз ман чӣ маълумоте ба даст овардам?
- Ҳеҷ чиз, - шунид ў овози қалби хеш.
Ҳангоми суҳбат ман бо мардуми ноҳияи Файзбор ниҳоят қарин шудам ва онҳо ҳам аз банда ба фикрам ягон чизро пинҳон накарданд. Модоме ки аксари мардуми ба ҷойи ҳодиса рафта аз дохили мошини дар зери сангчарх монда ягон чиз наёфтанд, пас маълум мешавад, ки Сайёд Ватан он дипломатро бо худ набурдааст, ин як.
Дуюм, ман аз рўйи вақт ба ҷой ҳодиса рафтани мардумро муайян намудам. Мардум қариб, ки дар як вақт ҳамроҳи милисаҳо ба ҷойи воқеа расиданд. Вақте ки онҳо ба мавзеи сангчарх рафтанд, аз ду тараф мошинҳои зиёде кушодашавии роҳро интизор буданд. Аз рӯйи шуниди ман ҳодисаро яку якбора шаш ронанда, ки аз мошинашон фаромада сабаби маҳкам будани роҳро донистан мехостанд, дидаанд. Онҳо ба саволҳои милиса посух гуфтанд, ки ҳамдигарро намешиносанд. Аз ин рў, онҳо яку якбора забон як карда, он дипломатро пинҳон карда наметавонистанд.
Сеюм, аҷаб нест, ки Хушдил Одил тариқи ягон нафар ҳодисаи сангчархро ташкил карда бошад. Агар чунин аст, ҳодисаи ба гарав гирифтани фарзанди ў ба манфиати худи мост.
Гургбача баҳри он чусту чолок аст, ки модар ҳаргиз амали вайро эрод намегирад. Маҳз ҳамин хунсардӣ гургро аз хатар эмин медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор