Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Не. Онҳое, ки ба чунин амал даст задаанд, ба ҳама кор қодиранд. Инро ман ба шумо мегўям.
- Майлаш, ман розӣ, танҳо баъди бисту чор соат…
- Баъди бисту чор соат? - сухани мусоҳибашро бурида гуфт Хушдил Одил.
- Баъди бисту чор соат ман ба милиса занг мезанам.
- Аминам, ки тайи ҳамин муддат мо ягон илоҷ карда Шерзодро бармегардонем.
- Иншооллоҳ.
- Дар амони Худо бошед, рафту агар зарурате пеш ояд, ман боз занг мезанам, - гўён Хушдил Одил бо мусоҳиби телефониаш худоҳофизӣ намуд…
- Рафту агар лозим шуда монед, боз шуморо ҷеғ мезанем,- гўён Сорбони Ҳомид дар тарафи муқобили даъватномаи Озодаи Шафоат имзо гузошта, даъватномаро ба дасташ дода гуфт:
- Дар котибот ба даъватнома мўҳр гузоред!
- Хуб шудааст, - гўён ҷавонзан он пораи коғазро, ки баҳри ҷойи кораш чун обу ҳаво зарур буд, ба даст гирифта, аз дар баромад.
Тайи ду соати дар озмоишгоҳи криминалистӣ будан Озодаи Шафоат кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то он симои ҷавонзани ҳамроҳи Мустафо Наим дидаашро рўйи саҳна барорад. То кадом андоза ин кор ба ў даст дод, ҳоло хулоса баровардан ғайриимкон буд. Ҳалли чунин корҳо ниҳоят тӯлонӣ буда, баъзан умуман ҳал ношуда мемонанд. Ба ҳар ҳол, Озодаи Шафоат ба ҷуз ташхисгар-криминалист, ки баҳри ў узвҳои он ҷавонзанро (узвҳои сар дар назаранд) дар алоҳидагӣ дар расм бо ҳам мепайваст, боз Сорбони Ҳомидро низ, ки дар он маҳфили на чандон зебо иштирок дошт, бовар кунонид, ки расми бисту шашуми ба ў пешниҳодшуда бо назардошти тағйироту иловаҳо аз рўйи нишондоди вай айнан ба ҳамон ҷавонзане, ки ў се маротиба ҳамроҳи Мустафо Наим дида буд, монанд аст. - Айнан - ку ба гумон, вале тахминан ҳаштод - ҳаштоду панҷ фоиз монандӣ дошта бошад, нуран алонур мешавад, - гуфт ташхисгар-криминалист ва баъди пурсиши навбатӣ боз каме ҳам бошад, ба ҳамон расми таваҷҷуҳи Озодаро бедор намуда, тағйироту иловаҳо (аз рўйи нишондоди иловагии Озодаи Шафоат) дохил намуда, бо Сорбони Ҳомид ва шоҳид Озодаи Шафоат худоҳофизӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор