Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди рафтани шоҳид, капитани милиса сари нишондоди расмии ў хеле андеша кард. Марги Мустафо Наим дар ҳақиқат як муаммои сарбаста буд ва акнун Сорбони Ҳомид бо боварии комил гуфта метавонист, ки он бе иштироки зан нагузаштааст. Дар ҳодисаи мазкур зан агар ба таври ростхата ҳам набошад ғайримустақим шарик буд…
Дар чунин ҳолат рашк асоси воқеъии ҳодиса шуданаш мумкин буд. Ба гуфти Озодаи Шафоат он зан дар намуд бисту панҷ- бисту шашсола буд.

  • Куштор аз рўйи рашк? - саволе дод вай ба хеш.
  • Аз ҳақиқат дур нест.
    Боре ў дар як мурофиаи судӣ иштирок дошт. Аслан зани тахминан сию панҷ - чилсолаеро ба курсии айбдорӣ оварда буданд. Сабабаш он буд, ки ў бо дарзмоли гарм ба сари шавҳараш задаст, ки дар натиҷа шавҳар зарари вазнини ҷисмонӣ гирифта буд.
    Чун ба он зан сухани охирин доданд, ботаассуф чунин посух дод: "Злые жены ставят мужям шишки а добрые рога.
    Жаль, что мой дурачок этого непонял…” Рашк аз замони Одам (а) то Ҳотам ва аз Ҳотам то ба ин дам сари ҳазорон нафарро ба бод додааст. Дар ниҳоди одамӣ ҳиссиёте аз рашк пурзӯртар нест. Модоме ки Озодаи Шафоат хиёнати Мустафо Наимро нисбат ба дугонааш дарк намуд, пас куҷост кафолат, ки нафаре хиёнати он ҷавонзанро ба гўши шавҳараш нарасонида бошад. Ба ақидаи Нишон Ҳамроев сўхтор аз чароғаки барқӣ сар задааст. Дар ин ҷода хулосаи ташхис ҳам ҳаст, ки нишондоди Нишон Ҳамроевро мукаммалтар мекунад. Ташхиси тиббии судӣ бар он ақида аст, ки дар ҳолати сўхтор Мустафо Наим беҳуш будааст.
    Ташхиси тиббӣ дар хуни вай миқдори зиёди доруи хоб - димедролро муайян намудааст. Сараввал тафтишот дар ин бора қариб ки назари ба худкушӣ даст заданро низ мавриди санҷиш қарор дода буд, вале ҳамоно ин назарияро рад намуданд. Сабабаш он буд, ки баҳри ба худкушӣ даст задан роҳу воситаҳои одитаре ҳаст, ки дар намуд ҳам осонтару соддатаранд.
пешина
аз 527
навбатӣ