Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, Мустафо Наим бо шахси бегона дар хонааш ҳаргиз сари мизи хӯрокхўрӣ наменишаст. Агар дар ҳақиқат дар ин кор мард даст дошта бошад, ў бо хонадони ҷабрдида шиноси дерин аст.
Барои ба чунин амал даст задан мақсаду мароми муайян доштан лозим. Ҷинояти мазкурро на аз беэҳтиётӣ ва на аз хунукназарӣ ба қалам дода намешавад, модоме ки чунин аст, пас рашк қасдро рўйи саҳна овардааст, ба шарте ҷиноят аз рўйи рашк содир шуда бошад.

  • Агар рашк умуман ҷой надошта бошад - чӣ?
  • Дар он сурат ҳам куштор, ки характери қасдона доштааст, ба души тафтишот мемонад. Мисли он ки аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад.
    Ҳодисаи мазкур дар кадом асосе, ки рўйи саҳна омада бошад, ҷавоби мукаммалро талаб мекунад.
    Касе ба дар ангушт зад ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гулў рӯшан намуда, рухсати даромадан дод.
    Ба дафтари кории вай милитсионери хизматии патрули пайроҳадорӣ сержанти милиса Назриддини Султон ворид гашт.
  • Гўшам ба шумо, рафиқ сержант.
  • Дар берун зане омадааст, ки шуморо дидан мехоҳад.
  • Маро?
  • Ҳа, шуморо.
  • Шояд вайро ба ин ҷо ҷеғ занед?
  • Не, вай омаданӣ нест.
  • Ў маро мешиносад?
  • То ҷойе ки банда маълумот гирифтам, не.
  • Чӣ илоҷ, модоме ки вай наомад, ман маҷбур мешавам ба истиқболаш бароям.
  • Рухсат диҳед, ман шуморо гусел намоям, рафиқ капитан.
  • Ба фикрам, ин амалатон зиёдатист.
  • Чаро зиёдатӣ будааст?
  • Чунки давлат барои ҳимояи банда муҳофиз ҷудо накардааст.
  • Шумо маро нафаҳмидед, рафиқ капитан.
пешина
аз 527
навбатӣ