Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бубахшед, маро ба фикрам хоб бурдааст, - баҳона пеш овард собиқ командири гурўҳи "Сипар".
    “Боз ҳам дурўғ гуфтед! - нидо омад аз замираш.
  • Дурўғ мегўӣ. Бо ҳама дурўғгўиҳои хеш ман назди он дурўғгўйи раштӣ ҳеҷам, мефаҳмед, ҳеҷ!” Дороб Қамар ҳамон лаҳза табассум кард, вале чун шаб буду дохили кабина торик ва ҳушу ёди ронанда ба роҳ банд, табассуми ў аз мадди назари ронанда дур монд, вале нақли шунидаашро ба ёд овард.
    Дар деҳаи Инкўҳ, ки агар аз он кўҳи сар ба фалаккашидаи Дударгӣ сангчае афтад, ҳама огоҳ мешаванд, вайро бо марде шинос намудаанд, ки исми шарифаш Мирзошариф буд. Дар ҳақиқат бобои Мирзошариф ҷони одам, вале соддагии вайро ҳисобу китоб набудаст. Нақлро дар бораи бобои Мирзошариф шунида, каме ҳам бошад ором шуд ва дар дил боварӣ ҳосил кард, ки агар дар бораи он дипломати гумшуда пурсон шавад ҳам, ин мардум аз мақсади аслиаш огоҳ нахоҳанд гашт. Чун мардуми деҳаи Инкўҳ ниҳоят меҳмоннавозанд, ба нею нестони Дарвеш Мўсо нигоҳ накарда, ўро ба як пиёла чой даъват намуданд. Дар сари дастархони пурнозу неъмати хонадони Давлатуллоҳ мардуми зиёде гирд омаданд. Дар он ҷо Султоналӣ ҳам буду Маҳмаднабӣ ҳам, вале чун меҳмон нисбат ба кўҳи Дударгӣ таваҷҷуҳи зиёде зоҳир менамуд, Давлатулло писараш Рустамро ҷеғ зада, ба гўшаш чизе гуфт ва баъди даҳ-понздаҳ дақиқа марди қадпасти фарбеҳе вориди меҳмонхона гашт.
  • Акаи Дарвеш, шинос шавед, ин кас бобои Мирзошариф, мудири анбори ҳамин кўҳи бузурги Дударгӣ, - меҳмонро бо шахси навомада шинос намуд Султоналӣ.
  • Тавба, бори аввал мешунавам, ки кўҳ ҳам мудири анбор доштааст, - хандида гуфт меҳмон.
  • Бобои Мирзошариф агар иҷозат диҳед, қиссаро барои меҳмон нақл кунам, - илтиҷо кард Муҳаммаднабӣ.
  • Ман розӣ, - гуфт бобои Мирзошариф бо табассум.
  • Чанд сол пеш, ба ҳамин деҳа як марди раштӣ ба тўйи яке аз дўстонаш омада буд. Чун фаҳмидем, ки ў дурўғгўи гузароест, хоҳиш намудем, ки ҳамин бобои Мирзошарифро, ки дилаш чун оина соф аст, як фиреб диҳад. Бо баҳонае бобои Мирзошарифро ба наздаш бурдем ва худ гўш ба қимор шудем, ки суҳбати онҳо чӣ натиҷа хоҳад дод, - гуфт Муҳаммаднабӣ.
пешина
аз 527
навбатӣ