Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Баъд чӣ шуд? - пурсид меҳмон.
- Чун бобои Мирзошариф паҳлуи он марди раштӣ нишаст ва ҳарду шинос шуданд, баъди бардоштани як - ду қадаҳи май, соҳибмулк дар бораи чӣ кора будани меҳмон донистан хост.
- Ман муҳандиси калони ширкати роҳсозӣ ва мақсади ташрифам ба ин ҷо ташкил ва ҷо ба ҷо намудани филиали ширкати роҳу кӯпруксозист. Ба зиммаи ширкати мо ранг кардани ҳамин кўҳи Дударгиро гузоштаанд. Аз Душанбе ба ин ҷо даҳҳо мошин ранг (краска) меоранд. Барои қабули ҳамон рангҳо ман бояд як мудири анбор пайдо намоям, ки ҳисобу китобро нағз донад, ба замми ин, дар ёфтани кадрҳои маҳаллӣ барои кор ба мо кумак намояд, - мегўяд меҳмони раштӣ. Ҳарчанд он меҳмон дар синну сол аз бобои Мирзошариф хурдтар буд, вале домулло бо илтиҷо мегўяд:
- Ака, чӣ мешуд, ки бандаро ҳамчун мудири анбор қабул мекардед? Ба Худо, бист сол мудири мағоза будам.
- Ман розӣ, ба шарте ки то фардо субҳ рўйхати сӣ - чил нафарро, ки ҷӯёи коранд, навишта ба дасти ман супоред.
Бобои Мирзошариф аз ҳамон сари дастархон хеста, хона ба хона гашта, мардумро огоҳ намуд, ки кўҳи Дударгиро ранг мекунанд ва ўро мудири анбор таъин намудаанд. Сипас, бо зорию тавалло қариб панҷоҳ касро розӣ кунонида, ному насабашонро ба рўйхат гирифта, ба дасти он марди раштӣ месупорад Ному насаби ҳамаи мо низ дар он рӯӣхат буд, вале ҳеҷ не, ки кор сар шавад…
Чун аз мошин фаромад, ҳамоно ба Сайф Насим занг зад…
Новобаста аз ҳама кўшишу тараддудҳои Дарвеши Мўсо ва суханҳои пасипардагии ў дар атрофи сангчархи кўҳи Дударгӣ кадоме аз он мардуми ба қавли худаш содда мақсади ғаразноки вайро дарк намуда, хабарро ба милисаи ноҳияи Файзбор расонид. Хабар чун гулдуроси барқ хоби кормандони милисаро нороҳат сохт. Сардори ШКД Ҳикмат Зариф кормандони милисаро ба по хезонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор