Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

"То андозае ҳақ ба ҷониби Одина Валихон аст, охир кадом одами солимақл барои чанд ҳуҷҷати дар дохили дипломат буда, ҷабрдидаро ба ҳоли худаш гузошта, шаъни инсониашро гум карда, аз он маҳал фирор мекунад. Дар ин ҷода амалиёти ҷосусиро пурра инкор бояд кард," - аз дил гузаронид Ҳикмат Зариф ва гуфт:
- Эҳтимол дар он дипломат маблағи ниҳоят калоне будааст. Чун он ду нафар дипломатро кушода, он маблағро диданд, шаъну шарафи инсонии хешро гум карда, аз он мавзеъ фирор намуданд.
- Ҳаминаш ба ҳақиқат наздиктар аст, - каме ҳам бошад осуда шуда посух дод сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Одина Валихон.
- Вайро аз таги замин ҳам бошад ёфтан лозим!
- Киро?
- Ҳамон корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико".., номаш чӣ буд?
- Дарвеши Мўсо.
- Ҳа, Дарвеши Мўсоро, аз таги замин ҳам бошад, ёбед.
- Хуб шудааст, рухсат диҳед аз пайи кор шавам.
- Истед!
- Шуморо гўш мекунам, рафиқ майор.
- Худи ҳозир Муртазо Дўстро ба назди он писарбача - Қодири Ашўр фиристодан лозим. Хуб мешуд, агар боз ҳамроҳи вай ду милитсионерро аз взводи посбони пайроҳадорӣ дар либоси ғайринизомӣ ба он ҷо мефиристодед.
- Гумон доред, ки Дарвеши Мўсо ҳам ба ҷустуҷўи он писарбача мебарояд?
- Намедонам, вале эҳтиёт зарар надорад. Бори охир кай Дарвеш Мўсоро дидаанд?
- Дина соати дувоздаҳ ў аз деҳаи Сайёд ба маркази ноҳия омадааст.
- Мошинашро муайян намудед?
- Вай аз хизмати таксӣ истифода бурдаст.
- Аз таги замин ҳам бошад, ронандаи таксиро ёфта пурсед!
- Кўшиш мекунем, - гўён Одина Валихон аз дар баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор