Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аммо соате пас худи Одина Валихон ба гўши сардор хабар расонид, ки ҷустуҷўй натиҷае надод.
- Шояд ба мақсади хеш расидаву ин мавзеъро тарк намудааст, - изҳори нигаронӣ намуда сардор.
- Намедонам.
- Оё шумо набудед, моро ҳушдор сохтед, ки ба умеди як кайк шуда пӯстинро оташ назанем! - дар ғазаб шуда гуфт Ҳикмат Зариф.
- Одамӣ шири хомхўрда, - посух дод Одина Валихон.
- Шири хомхўрда мегўй? Шумо на худатон кор мекунед ва на имконият медиҳад, ки дигарон кор кунанд.
- Бубахшед.
- Бубахшед будааст! Оё андеша накардед, ки рафту вай дар бораи дипломати зормонда хабар гирифта бошад, он ду нафареро, ки дипломатро бо худ бурдаанд, чӣ хатаре таҳдид мекунад?
- Онҳо бад кардаанд ва бад мукофот мегиранд.
- Мо намедонем, ки дар он дипломат чи буд, ҳамин хел?
- Ҳа, намедонем.
- Рафту дар дипломат ягон ҳуҷҷати дорои аҳамияти стратегӣ бошад - чӣ?
- Ба гумон аст.
- Чӣ хел ба гумон аст?
- Чунки ҳеҷ кас хуҷҷатҳои дорои характери стратегӣ доштаро бо чунин тарз намефиристад.
- Ба фикрам, маро дуруст нафаҳмидед.
- Чӣ хел?
- Рафту Сайёд Ватан ҳуҷҷатҳои дорои характери стратегӣ доштаро чун курер ба касе аз хориҷи кишвар нияти супурдан дошт.
- Яъне, ки бо роҳи ҷосусӣ?
- Бале.
- Инаш аҷиб.
- Чаро?
- Зеро он ду нафаре, ки дипломатро бо худ бурданд, ҳаргиз барои ким - кадом ҳуҷҷате думро аз он маҳал хода намекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор