Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Росташро. Шумо хуб медонед, ки ростиро завол нест. Ба замми ин, дар вазъе ки шумо қарор доред, ба ҷуз ҳақиқатро гуфтан…
- Моро дигар чорае нест, ҳамин хел?
- Ҳамеша чорае андешидан мумкин аст, вале барои ин вақт лозим. Айни замон мо чунин вақт надорем.
- Ба ақидаи шумо онҳо бо Шерзод ягон кор карда метавонанд?
- Ман ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале дар ҳоле ки худи шумо қарор доред ва банда аминам, ки Шерзодро онҳое рабуданд, ки шуморо ба чунин ҳол расонидаанд.
- Дар ин бора ман бо шумо баҳс намекунам.
- Бисёр хуб. Акнун ман мехостам, ки шумо асли воқеаро баҳри милиса кушода диҳед.
- Рафту ман нахоҳам чӣ?
- Чунин амал танҳо бар зарари худи шумост. Ба замми ин, шумо наметавонед ба хотири ҷигарбандатон муҳри хомўшӣ ба лаб гиред. Мо нағз медонем, ки ҳар як сухани шумо метавонад домангири худатон гардад, вале ҳамаи ин дар назди он ки шумо мақому манзалати хешро ба гарав мегузореду аз чанголи онҳое, ки худатонро ба чунин аҳвол расонидаанд, ҷигарбандатонро озод менамоед, ҳеҷ аст…
Фаромўш накунед, ки аз Мингистон86 хабар меояду аз гӯристон не. Андеша намоед. - Дигар чи ҷойи андеша.
- Бисёр хуб. Ман шуморо огоҳ мекунам, ки суҳбати мо ба диктофони (Сорбони Ҳомид диктофони хурдакакеро аз ҷайбаш бароварда, болои мизе, ки ба ҷойи дастархон хизмат мекард, гузошт) тамғаи "Сони" сабт карда мешавад.
- Дар ҳоле ки ман қарор дорам, дигар ҷойи андеша ҳам нест.
- Марҳамат худро муаррифӣ намоед,- тугмачаи диктофонро пахш намуда гуфт капитани милиса.
- Ман Одилов Хушдил, соли тавалудам…
86 Мингистон – номи кӯҳи афсонавӣ, ки дар куҷо буданаш маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор