Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Шуморо огоҳ мекунам, ки ҳар он чӣ ки мегўед, шояд дар рафти минбаъдаи тафтишот, ба муқобили худатон истифода шавад.
  • Ин тарафи масъала барои банда дигар аҳамияте надорад, аниқтараш баъди ба гарав гирифтани писарбачаам Шерзод аҳамияти хешро гум намудааст.
  • Акнун ба сари мақсад биёед!
  • Рост гуфтаанд, ки ҳеҷ кишт бе дарав намондааст ва гумон мекунам, ки ҳар он чи ки ба сари хонадони мо омадааст, ин натиҷаи амалҳои банда аст. Аминам, ки маро мефаҳмед.
  • То андозае.
  • Шафтолуи гап ҳамин, ки ба гарав бурдани Шерзодро сабабе ҳаст.
  • Хуш…
  • Онҳо бандаро дар гум шудани ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ гумонбаранд, ҳарчанд ман ба қавле назди виҷдони хеш покам. Дурусттараш, дар гум шудани он ҳаштод ҳазор доллар ман даст надорам, чунки кори хешро бе каму кост иҷро намудам.
  • Хуб мешуд, ки асли воқеаро равшантар мекардед.
  • Қариб моҳе пештар, рўзаш аниқ дар ёдам нест, банда аз нафаре, ки моро сарпараст аст, ҳаштод ҳазор доллар гирифта, чун миёнрав онро ба Сайёд Ватан ном шахс, ки вазифаи курерро дар бозиҳои пасипардагии мо иҷро мекард, додам.
    Сайёд Ватан он маблағро бояд ба нишонае, ки ман ба ӯ додам, мерасонд, вале, ў дар роҳ ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда, даргузашт.
  • То ҷойе, ки ман фаҳмидам, шумо дар байни сарпараст ва курер вазифаи миёнравро иҷро намудед?
  • Бале, бале.
  • Сарпараст курерро мешинохт?
  • Албатта.
  • Курер сарпарастро чӣ?
  • Не.
  • Мақомоте, ки шумо шомилаш будед, чун идораи ҷосусӣ амал менамудааст, ё гапам нодуруст?
  • То андозае.
пешина
аз 527
навбатӣ