Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Нигоҳи писарбача он қадар софу беолоиш буд, ки дили ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ фишурда шуд. Ў афсўс бар он хўрд, ки Шерзод бозичаи дасти калонсолон гаштааст, бозичаи бозиҳои паси пардагии падар. Аҷаб нест аз ин бозиҳо ҳазорон бачаҳое чун Шерзод ҳаёташон дар хатар аст. Сорбони Ҳомид бо рухсати соҳибхона ду расми Шерзодро бо худ гирифта, бо Хушдил Одил худоҳофизӣ намуд.
- Ҳа, дарвоқеъ, ана ин рақами телефони ман, - гўён ў варақчаеро аз ҷайбаш бароварда, ба дасти Хушдил Одил дод.
Чун ў аз бинои нуҳошёна берун баромад, офтоб ба қиём расида буд, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятиро лозим буд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намояд. Ў оҳиста - оҳиста қадам зада, ба самти муқобили роҳ гузашт, қариб ки ҳама гирду атрофро бо нигоҳи хеш сурох намуд ва чун фаҳмид, ки касеро на парвои ўст ва на парвои хонадони Хушдил Одил, ба тарафи истгоҳ ҳаракат кард.
Тамоми роҳ нигоҳи акси Шерзод аз пеши назараш дур намешуд…
Бо ҳама ҷаҳду талошҳо Дороб Қамар тамоми шаб бо Сайф Насим алоқа барқарор карда натавонист. Ба ҳар як занги телефонии хеш ў чунин ҷавоб мегирифт: “Телефони муштарӣ хомўш карда шудааст ва ё берун аз минтақаи фаъолият қарор дорад.” Ташвишу тараддуди шабона, ки мавҷи хаёлоти вайро якҷоя бо бори гарони зиндагӣ аз як соҳил ба соҳили дигар мезад, қарибиҳои субҳ ўро ба ҳолаш гузошт. Аз кўҳ вазнинтар, аз асал ширинтар ҳолате қарибиҳои субҳ бар сари андешаҳои вай ғолиб омад…
Маргро хоби гарон ва хобро марги сабук гуфтани мардумро ҳам сабабе ҳаст ва хоби субҳгоҳии Дороб Қамар ҳам чун марги сабук шуд. Чун чашм кушод, офтоб тамоми кураи заминро ба зери тасарруфи хеш дароварда буд. Ў ҳамоно даст ба телефон бурд ва чанд тугмачаеро дар он асбоби хурдакак, ки пайвандгари дилҳо буд, зер кард.
- Шеф гўшам ба шумо, - шунид ў овози Сайфро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор