Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамин хел аст, вале онҳо роҳу равиши маълумот ба даст оварданро нағз медонанд.
  • Оё гуфтанӣ нестед, ки онҳо дар милиса ҳам гўшу ҳуши хешро доранд?
  • Семья без уродов не бывает.
  • Пас аз нуқтаи назари шумо он дипломат куҷо шудааст?
  • Аз куҷо донам? - даст афшонда гуфт соҳибхона.
    Дар кушода шуду соҳибхоназан лаълии калоне дар даст, ки болояш чойники чой ҳам дошт, вориди меҳмонхона шуда, лаълиро ба як гўшаи миз, ба ҳамон мизе, ки диктофон меистод, гузошта, ба ду пиёла чой рехта, якеро назди шавҳар ва дигареро назди меҳмон гузошта, чанд лаъличаи болои онро низ болои миз гузошта, нӯши ҷон шавад гуфту он лаълии калонро бо худ гирифта аз дар баромад…
  • Марҳамат, як пиёла чой гиред, - таклиф намуд Хушдил Одил.
    Сорбони Ҳомид пиёлаи чойро ба даст гирифта, як қулт нўшиду пиёларо болои миз гузошта гуфт:
  • Шояд он дипломатро Сайёд Ватан дар ягон ҷо пинҳон намуда ба сафар баромадааст.
  • Ин ғайриимкон аст.
  • Яъне, ки шумо аниқ медонед, ки дипломат ҳангоми ба садама дучор шудани мошин дар дохили он будааст?
  • Ҳа, бале, боварӣ дорам.
  • Мехостам, ки як расми Шерзодро ба ман диҳед.
  • Раъно, Раъно! - овоз баланд кард, Хушдил Одил.
  • Ҳа ман, - дарро кушода, омодаи фармони навбатӣ шуд зан.
  • Албоми расмҳоро биёр.
    Зан сухане нагуфта вориди меҳмонхона шуд ва аз ҷевони калони хориҷие, ки як тарафи меҳмонхонаро зеб медод, албомеро гирифта, ба дасти шавҳараш дод.
    Шавҳар аз дохили албом чанд расми писарбачаашро бароварда, болои миз гузошт ва албомро боз ба дасти занаш, ки ҳанўз паҳлуяш рост меистод, дода, бо нигоҳаш ба ў фаҳмонд, ки метавонад аз пайи корҳои хеш шавад…
    Сорбони Ҳомид расмро ба даст гирифта, ба акси писарбачаи малламӯе, ки чун ҳама бачаҳои дунё дар нигоҳашон табассуме ҳувайдост, нигарист.
пешина
аз 527
навбатӣ