Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Рафиқ капитан, ман шуморо кофта гаштам.
- Ман ҳам лаҳзае пеш шуморо ёд кардам, марҳамат аз навбатдор пурсед.
- Ман бовар мекунам.
- Чун на аз шумо ва на аз фотороботе, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат рўйи саҳна меомад, хабар нашуд, банда ба суроғатон омадам.
- Аз дидоратон шодам. Агар бемалол бошед, ба дафтари кории банда баромада, боз соате интизор шавед.
- Чӣ, шумо ба ягон ҷо шитоб доред ва чаро ман боз соате интизорӣ кашам?
- Чунки маро Ҳамид Ҷовид ба наздаш ҷеғ задааст. Дар назди вай як дақиқа мемонам ё як соат, маълум нест.
- Не, ман чунин вақт надорам, беҳтар мешуд, ки шумо худ ба прокуратура меомадед.
- Насиб бошад, фардо субҳ.
- Чаро имрўз не?
- Чунки фотороботе, ки шумо интизораш ҳастед, имрӯз тайёр намешавад.
- Хайр чӣ, - гӯён муфаттиш бо ў худоҳофизӣ намуд.
Лаҳзае пас ў ба дари сардори ШКД ангушт зад ва чун овози Ҳамид Ҷовидро шунид, дарро кушода, вориди дафтари кории ў гашт. - Хуш, корҳо чӣ тавр?
- Ҳамааш дар ҳамин ҷо,- гўён ў он диктофони хурдакаки дар ҷайбаш бударо болои мизи сардор гузошта тугмачаашро зер кард…
- Ман Одилов Хушдил соли таваллудам…
Тайи он муддате, ки механизми он асбоби хурдакак дар ҳаракат буд, ҳарду хомўширо ихтиёр намуда, гўш ба қимор шуданд… - Ба фикрам, ман дар бораи ҳамон отряди махсуси "Сипар" дар куҷое хонда ё шунида будам, - ниҳоят овоз рӯшан кард сардор.
- Агар шунида бошед, танҳо дар Афғонистон.
- Не, ман он ҷо набудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор