Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Бало ба пасаш. Чӣ лозим майнаи хешро барои кадом як отряди махсусе гиҷ намудан?
- Гапатон дуруст, рафиқ капитан. Беҳтар мешуд, ки мо дар бораи чӣ тавр озод намудани он писарбача андеша мекардем. Ба фикри ман, дар ҳодисаи мазкур гузаронидани ҳама гуна амалиёти низомӣ ғайриимкон аст.
- То андозае ҳақ ба ҷониби шумост.
- Чӣ хел то андозае?
- Чунки то муайян намудани шахсияти ҷинояткорон сари чӣ тавр гузаронидани амалиёт андеша намудан аз мантиқ дур аст.
- Худи ҳозир аз пайи муайян кардани шахсияти собиқ командири гурўҳи "Сипар" шавед. Гумон мекунам, ки Сайф ҳам аскари ҳамон гурўҳ аст.
- Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супоришатон шавам.
- Ист! Худи ҳозир тариқи телефакс ба ШКД ноҳияи Файзбор хабарнома фиристодан лозим, аниқтараш мактуб фиристода пурсидан лозим, ки оё ҳангоми аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса дар минтақаи Дударгӣ ягон дипломат ёфт шуд ё не. Ҳамзамон онҳоро огоҳ намудан лозим, ки гурўҳи ҷинояткоре ба ҷустуҷўи он дипломат баромадааст ва аҷаб нест, ки ба минтақаи хизматии онҳо ҳам ташриф наоваранд.
- Шуморо фаҳмидам,- гўён Сорбони Ҳомид аз пайи иҷрои амри сардор шуд.
Ҳамид Ҷовид баъди рафтани ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бори дигар лентаи диктофонро ба қафо тоб дода, тугмачаи онро аз нав зер намуд...
Рост гуфтаанд, ки ҳеҷ кишт бе дарав намондааст ва гумон мекунам ҳар он чи ки ба сари хонадони мо омадааст, ин натиҷаи амалҳои банда аст. Хайрият амалҳои ғайриқонунии хешро ба гардан гирифтааст. Бо он амалҳои ғайриқонунӣ ў чандин хонаҳоро хароб намуда, имрўз худ ба чоҳи баҳри дигарон кандааш афтид. Ҷав киштӣ ҳаргиз гандум нахоҳӣ даравид. - Мумкин? - дарро кушода пурсид Сорбони Ҳомид.
- Марҳама, боз чи гап шуд?
- Шерзод ба хонаашон баргаштааст.
- Кӣ гуфт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор