Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар берун чӣ гапу хабарҳои тоза?- диктофонро хомўш карда пурсид Ҳамид Ҷовид.
  • То ҷойе ки банда итилоъ дорам, ҳама тинҷию амонӣ,- қариб, ки ба таври расмӣ гузориш дод Тоҳир Додобоев.
    Набошад, ана ин диктофонро бо худ гирифта, як бор онро гўш намуда, нақшаю чорабиниҳои иловагӣ тартиб диҳед, - гўён сардор диктофонро ба дасти сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ дод.
  • Дар ин чӣ аст?
  • Гўш кунед, ҳамаашро мефаҳмед. Расо баъди ду соат нақшаю чорабиниҳои тартибдодаатонро барои тасдиқ ба назди ман биёред

Таваҷҷуҳи Дарвеши Мўсо ба маркази сангчархи мавзеи Дударгӣ хабари ноболиғ Қодири Ашўрро, ки милиса то кунун ба он аз паси панҷа менигарист, чунон такон дод, ки ғулғулаи он дили ҳомиёни тартиботи ҷамъиятии ноҳияи Файзборро ба ларза овард. Дар фазои беғубори ин минтақаи дурдасти кўҳистон тираабре дар муқобили нурҳои хуршеди ховар рост шуд. Баъди гирифтани хабари навбатӣ оид ба он ки корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" аз ҳудуди ноҳия думро хода намудааст, - ба пӯстини Ҳикмат Зариф ва зердастонаш кайк даромад.
Чун ба милиса даст надод, ки бо Дарвеш Мўсо сари суҳбат қарор гирад, аз кунҷи дигаре ба рафти ҳодисаҳо назар намуданд. "Кунҷи нигоҳ" акси ўро аз нигоҳи мардум рўйи саҳна овард. Маҳз ҳамин аксро бо чанд тан аз он мардуми содда нишон доданд ва онҳо кӣ будани он марди "накуном" - ро гуфта доданд…
Чун дар акси рўйи варақ омада ғуборе набуд ва мардумон аз рўйи он корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" - ро шинохтанд, дар дили кормандони милисаи ноҳияи Файзбор шуълае фурўзон шуд…
"Аз шарора аланга бархезад",- нидо омад аз қалби сарвари ШКД Ҳикмат Зариф. Ў ба хотир овард, ки ин мисраъҳоро ҳангоми хониш дар мактаб ва сипас дар донишгоҳ борҳо такрор намуда буд.

пешина
аз 527
навбатӣ