Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Худи ҳозир Хушдил Одил телефон кард. Ҳа, дарвоқеъ, ў илтиҷо намуд, ки ман сабти он суҳбатро нест кунам.
- Яъне, ў аз ҷазо гурехтанист.
- Ба фикрам, ҳамин хел аст.
- Ба вай чӣ гуфтед?
- Гуфтам, ки ҳеҷ киште то кунун бе дарав намондааст.
- Хонаи онҳоро дар зери назорат гирифтан лозим.
- Ман ҳам чунин мешуморам.
- Аз взводи посбони пайраҳдорӣ ду нафарро дар либоси ғайринизомӣ ба он ҷо фиристед.
Ҳамид Ҷовид тариқи телефон сарвари взвод лейтенанти милиса Раҷабовро амр дод, ки ду нафарро бо либоси ғайринизомӣ ба ихтиёри Сорбони Ҳомид фиристад.
Чун дубора Сорбони Ҳомид аз дафтари кории сардор берун шуд, соҳиби дафтари корӣ аз нав тугмачаи диктофонро зер карда, гўш ба қимор шуд. - Кор дар идорае, ки ба қавли шумо банда шомилам, тарзе ба роҳ монда шудааст, ки …
- Дасти чап чӣ кор мекунад, дасти рост намедонад…
- Ин Хушдил Одилаш ҳам як воҳимачии тайёр будааст.
Рафту дар идорае, ки кор дар чунин сатҳ ба роҳ монда шуда бошад, дипломатро бо ҳаштод ҳазор доллар бе назорат мефиристоданд? Агар кор дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешуд, ҳаргиз писарбачаро аз боғча намедуздиданд. То ҷойе ки акнун банда огоҳам аз пайи он ҳаштод ҳазор доллар на як ташкилоти муттамаркази ҷинояткор, балки як ё ду худозадаи оқипадар давутоз доранд. Агар он ташкилотро роҳбаре мебуд, ҳаргиз писарбачаро сар намедод. Маълум, ки акнун ба пӯсташон кайк даромадааст.
Ҳамид Ҷовид гўшаки телефони дохилиро бардошта, ба навбатдор амр дод, ки сардори бахши кофтукови ҷиноятиро ба дафтари кории вай даъват намояд. - Хуб шудааст…
Ҳамид Ҷовид гўшаки телефонро ба ҷояш гузошта тамоку даргиронд.
Тайи муддате, ки ў дар зери фаввораи дуд суҳбати Сорбони Ҳомидро бо Хушдил Одил ном зоти "шарифе" гўш мекард, Тоҳир Дадабоев рухсат пурсида, вориди дафтари кориаш шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор