Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Азбаски аз пеши бинои прокуратура танҳо ба як самт имконияти ҳаракат кардан буд, ронанда мошинро ба маҷрои нақлиёт даровард…
Ҳарчанд роҳ то пеши бинои милиса он қадар тӯлонӣ набуд, сарназоратчии қонун донистан мехост, ки Ҳамид Ҷовидро чӣ фикру хаёлест дар сар. Даъвати сардори милиса сирри нуҳуфтаеро чун нимкосаи зери коса ба ёдаш оварда, оромиашро халалдор сохт, вале ба ҷуз сабр намудан чорае надошт.
- Баъди сад метр ба тарафи рост...
Ронанда мошинро дар рў ба рўйи идораи милиса боздошт. Асад Ғанӣ дигар каломе ба забон наоварда, фаромад. Ронанда ӯро бо нигоҳе гусел намуд. - Оҳҳо, киро мебинам? - баробари вориди дафтари корӣ гаштани Асад Ғанӣ аз ҷой ба истиқболаш бархест Ҳамид Ҷовид.
Муҳити идора он қадар орому сокит буд, ки прокурор ҳама андешаҳои то ба ин дам дар майнааш даврзанандро ботил шумурд. - Марҳамат гузаред,- гўён соҳиби дафтари корӣ баҳраш курсиеро нишон дода, сипас ба тарафи дар рафта, ба котиба чизе гуфту баргашта, дар рў ба рўйи меҳмон нишаст.
- Ҳама ҷо орому сокит, банда гумон намудам, ки…
- Куҷоеро сел бурд ,- хандида гуфт Ҳамид Ҷовид.
- Бале, бале...
- Худаш ҳам ҳамин хел аст.
- О, навбатдор ба ман гузориш дод, ки ҳама тинҷӣ аст.
- Дар мадди аввал, чунки бечора навбатдор ҳам аз ҳодисае, ки мо мавриди баҳси хеш қарор доданием, хабар надорад.
- Яъне, ки ҳодисаи рухдода хусусияти конфиденсиалӣ87 дорад?
- Дошт.
- Акнун чӣ?
- Чу вақташ ояд ҳамаашро мефаҳмед.
87Конфиденсиалӣ –махфӣ, гуфтугӯӣ махфӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор