Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар кушода шуду котиба болои лаълие чой, ду пиёла ва тааҷҷубовараш он ки диктофони хурдакакеро оварда, рӯи миз гузошт.
- Ба фикрам, асрори ниҳон дар дасти котиба будааст?
- Сабр ва боз ҳам сабр, - гўён Ҳамид Ҷовид ба тарафи котиба чӣ имое намуд ва духтар аз ҷевони дар паҳлуи тиреза буда, чанд лаъличаеро, ки намудҳои гуногуни ширинӣ доштанд, оварда, болои миз гузошта, сипас ба тарафи дар рафт. Чун ў дарро аз самти дигар пўшид, Ҳамид Ҷовид диктофонро ба даст гирифта, тугмачаашро зер намуд ва сипас ба пиёлаҳо чой рехта, якеро пеши худ ва дигареро пеши Асад Ғанӣ гузошт.
"…То ҷое, ки ман фаҳмидам шумо дар байни сарпараст ва курер вазифаи миёнаравро иҷро намудед? - Дуруст фаҳмидед.
- Сарпараст курерро мешинохт?
- Албатта.
- Курер сарпарастро чӣ?
- Не.
- Мақомоте, ки шумо шомилаш будед, чун идораи ҷосусӣ амал менамудааст, ё гапам нодуруст?..."
- Ин Сорбони Ҳомид ҳам бало, вале шумо, муҳтарам сардор, хизматҳои ҳамин бачаи бобаро ҳеҷ қадр накардед, ки накардед, - чун прокурор эътироз намуд Асад Ғанӣ.
- Ман чанд бор кўшидам, вале нашуд.
- Бовар намекунам.
- Ба ростӣ, ҳарчи аз дастам омад, талош намудам.
- Талоши бе натиҷа.
- Дар боло ҳастанд шахсоне, ки садди роҳи ин кор мегарданд.
- Бачаи бобаро теғи забонаш мекушад.
- Ана, гап дар куҷо!. Ў ҳамеша сухани ростро гуфта, боре ҳам андешаи онро накардааст, ки…
- Сухани рост қалби бисёр чапдастонро шикофтааст.
- Садқаи аҳли фаҳм шавам.
- Бачаи боба, аслан ҷони одам аст, ҳарчанд бо теғи суханаш борҳо қалби бандаро низ шикофтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор