Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Баъди ду рўз Сорбони.Ҳомид ба шаҳр баргашт. Сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев аз шикасти амалиёти "Пайкон" хабар дод. Сорбони Ҳомид аз нақли сардори бахш ҳамин қадар фаҳмид, ки ҳамон бегоҳ марди тахминан сӣ - сиюпанҷсолае тугмачаи занги дари Хушдил Одилро зер мекунад ва онҳое, ки дар камингоҳ буданд, ўро бозмедоранд. Ҳарчанд он мард фаҳмондан мехоҳад, ки гуноҳе надорад, касе ба суханаш гўш намедиҳад. Гурўҳи фаврӣ ҳангоми кофтуков аз киссаи костюми вай тугмачаи сеҳрнокеро ёфтанд, ки ба ивази хизматҳояш аз нафари ношиносе туҳфа гирифта будааст.
- Бадбахтӣ ҳеҷ гоҳ танҳо намеояд, ў ҳатман бадбахтии дигареро бо худ меорад, - ба ёд овард Сорбони Ҳомид суханони бибиашро. Шикасти амалиётро ҳам чун марги бибӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ба дил хеле наздик қабул кард...
Баъди гирифтани супориши командир Сайф Насим телефонро хомўш намуда, худро болои бистари мулоим партофт. Чун амалиёти дар пеш истода қувваю матонати зиёдеро талаб мекард, истироҳати рўзона ба ақидаи худи вай аз манфиат холӣ набуд. Лаҳзае пас хоб ғалаба кард…
Чун аз хоб бархест, лифофаеро пушти дар ёфт ва онро кушодан замон фаҳмид, ки "Шеф" дар нақшаи амалиёт тағйирот даровардаст, чунки коғази дохили лифофа навиштаҷоте надошт. Акнун ба ҷойи Ҳусайн Акбарро дарёфтанду аз пайи иҷрои амалиёт гардидан боз ба назди шеф рафтан лозим буд. Чун коғаз сафед буду ягон навиштаҷоте надошт, аз рўйи дастурамал то се соат моҳияти хешро гум намекард. Маҳз дар ҳамин муддат нафаре, ки номаро фиристода буд, дар тарабхонаи "Гули нор" вайро интизор мешуд. Сайф Насим ба соати дастиаш нигарист. Ў ҳамагӣ ду соати расо дар хоб рафтааст. Пас ба ҷойи вохўрӣ шитофтанаш лозим буд.
Расо баъди бист дақиқа ў ба ҷойи вохўрӣ омад. "Гули нор" чи аз манзили зисти вай ва чи аз манзили зисти командираш қариб, ки дар як масофа ҷойгир буд. Чун вориди тарабхона шуд, дар кунҷе паси оинаи тирезаи калон, ки бо пардаҳои зарҳалин миҷозонро аз чашми роҳгузарон паноҳ мекард, командирашро дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор