Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўйхати ронандагон ва мошинҳоро дар ҳарду дидбонгоҳ гирифта, муқоиса менамуданд, нуран алонур мешуд. Дар он сурат, албатта, ронандаи таксӣ он тараф истад, ҳатто мусофири дар паҳлуяш нишастаро низ муайян намудан имконият дошт.
Ногоҳ дар дохили мошин шуълае дили вайро рӯшан кард, маҳз ҳамин шуъла сабаб шуду дар даромадгоҳи ноҳия ў аз ронанда хоҳиш намуд, ки самти ҳаракаташро каме ҳам бошад, тағйир диҳад.

  • Тинҷӣ ҳаст? - пурсид ронанда аз роҳ чашм наканда.
  • Тинҷӣ, маро дар пеши меҳмонхона фароред.
  • Ба Сарчашма намеравед?
  • Афсўс ки ман ҳамсафари хуб нестам.
  • Шояд ягон коратон баромадагист, рафту агар тайи соате онро иҷро намоед, ман метавонам интизор шавам.
  • Не, кори банда танҳо фардо оғоз меёбад ва он чи натиҷа медиҳад, рости гап намедонам. Бинобар ин, вақти шуморо гирифтан намехоҳам.
  • Ихтиёр шуморост, - гуфт ронанда ва дар рӯшноии чароғҳои кўчаи марказии ноҳия ў симои ҳамсафари хеш бидиду фаҳмид, ки ҳар он чи ки вай гуфт аз самими қалб гуфтааст.
    Чун дар рў ба рўйи меҳмонхона ронанда мошинро боздошт, Сорбони Ҳомид даст ба ҷайб бурда, як даҳсомонаеро бароварда, паҳлуи ронанда гузошт. Ин боиси малоли хотири ронанда гашт ва дар интиҳо ў маҷбур шуд, ки он даҳсомонаро гашта ба ҷайб андозад. Онҳо бо ҳам худоҳофизӣ намуданд ва Сорбони Ҳомид сумкаи сафариашро ба даст гирифта, ба тарафи меҳмонхона ҳаракат намуд…

Новобаста аз талошҳои кормандони милиса, ки то анҷоми амалиёт сирри тафтишот пўшида монад, новобаста аз ваъдаҳои болохонадори Хушдил Одилу қасамҳои вай ба номи ҳафт пушташ, ки то ҷон дар рамақ дорад аз нақши кашида берун по нахоҳад гузошт, ин асрори ниҳон аз кадом сӯрохии девори бетонӣ ба гўши мушаке расид, ё…

пешина
аз 527
навбатӣ