Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Таксӣ буданашро аз он фаҳмидам, ки ман ҳам боре дар шаҳр будам…"
Гуфтаҳои писарбача Қодири Ашўрро тайи ин як шабонарўз бори чандум буд, ки Сорбони Ҳомид бо рафти худи воқеаҳо қиёс мекард. Ў боварии пурра ҳосил намуд, ки дар нишондоди бачаи ёздаҳсола заррае ҳам муболиға нест ва ҳарчи вай гуфтааст бе ягон обуранг гуфтааст.
Ҳаракати мошинҳо дар "Китоби қайдҳо" дар шакли умумӣ сурат гирифта буд. Дар китоб тамға ва самти ҳаракати нақлиёт нишон дода шуда буд. Сорбони Ҳомид ба ҳаракати он намуди нақлиёте бештар аҳамият медод, ки баъди соати шаши субҳ дидбонгоҳи мазкурро убур намуда, ба самти муқобили ҳаракати мошини Сайёд Ватан, яъне ба сўи шаҳр ҳаракат намудаанд. Чун роҳ характери умумиҷумҳуриявӣ дошту ҳаракати нақлиёт дар ин самт хеле зиёд буд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ танҳо мошинҳои сабукравро мавриди таҳлили хеш қарор дод.
Нозирон дар сабти ному насаби ронандагон ба хунукназарии зиёде роҳ дода буданд. Ин амал аз он шаҳодат медод, ки ронанда на ҳуҷҷати аслии ронандагиашро, балки худи варақаи сафарӣ (путевой лист) - ро ба нафаре, ки мошинро қайд менамуд, пешкаш мекарданд.
Соати 08 - 13 дақиқа дидбонгоҳро Наимов М. ном шахсе тавассути мошини ГАЗ - 2410, рақами давлатиаш 94 - 61 убур намуда будааст. Ному насаби Наимов М. дар рўйхати "Китоби қайдҳо" таҳти рақами 43 омада бошад ҳам, лаҳзае ҳам бошад дафтари хотироти Сорбони Ҳомидро варақгардон намуд.
Таҳти ҳамин насаб муддате буд, ки парвандаи ҷустуҷўи аз рўйи ҳодисаи сўхтор дар кўчаи Сурхоб дар сейфи оҳанини дафтари кории вай зери "намак" мехобид. Афсўс ки дар парванди ҷустуҷўи ишорае аз он ки Мустафо Наимро рақами давлатии мошинаш чанд аст набуд, ин ҷо бошад, номи ронандаро танҳо ҳарфи М. зеб медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор