Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Номашонро чӣ гуфтед? - ба тарафи язнааш нигариста пусрид Фарҳод.
- Дороб Қамар, вай худозадаи дигараш Сайф, Сайф Насим.
- Мо он лаънатиҳоро аз таги замин ҳам бошад, меёбем.
- Шумо кӣ будани онҳоро намедонед?
- Ин чандон аҳмият надорад.
- Ман шуморо огоҳ намудам, боз нашаваду…
- Ба ҳурмати шири сафеди модарам, ки мо онҳоро дастгир мекунем, натанҳо дастгир мекунем, балки…
- Балки чӣ?
- Балки онҳоро ба милиса месупорем.
- Шуморо нафаҳмида истодам, Фарҳодҷон!
- Чӣ нофаҳмост?
- Ҳамааш.
- Ин амри модарам аст ва моро ба ҷуз иҷрои он чорае нест.
- Ҳеҷ боварам намеояд, ки шумою милиса забон як намоед.
- Мо бо милиса забон як карданӣ ҳам нестем.
- Пас чӣ тавр амри бибии Шерзодро иҷро мекунед?
- Мо онҳоро дастгир мекунем ва ба милиса месупорем, тамом вассалом.
- Худатон бошад, боз дар сангаре дар муқобили милиса меистед?
- Зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи хешро дорад ва онҳоро на мо ва на каси дигар тағйир дода наметавонад. Мо он амалеро анҷом додан мехоҳем, ки писанди модарамон аст, дар акси ҳол зиндагии мо маънии хешро гум мекунад…
Раъно вориди меҳмонхона шуда бародаронашро сари баҳс бо шавҳар дид, вале ўро аз ин дигар хавфу хатаре набуд, чунки ў худ тариқи телефон аз забони модараш он чиро шунид, ки бояд мешунид. Ў фаҳмид, ки амри модар дар тарозуи вақт бо шири сафедаш гузошта шудааст. Ин амрест, ки бо амри Ватан баробар. Саркашӣ аз чунин амр ин хиёнат ба модар аст. Раъно сари дастурхон нишаста, нон шикаст ва ба пиёлаҳо чой рехта, даст пеши бар гирифту ба сўйи бародарон бо навбат дароз намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор