Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун нишони аввалини зиндагиашон ба синни мактабӣ расид, ҳарчанд мактаби миллӣ дар шафати хонаашон буд, ӯро ба мактаби русӣ доданд. Таваҷҷуҳи доимии хешу ақрабо нисбат ба забону фарҳанги мардуми русзабон нигоҳи ӯро ба ҳамин фарҳангу маданият бештару бештар намуд ва Сабоҳат ба ҷуз омӯзиши забони Пушкину Лермонтов аз фазои озоди фарҳангу маданияти халқҳои славянӣ ба хубӣ бархӯрдор шуда, дар замири хеш ба фарҳангу маданияти “бародари калонӣ”17 арҷ гузошт ва то хешу ақрабояш фаҳмиданд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба фарҳангу маданияти бегона дар ниҳоди ин кӯдаки нозпарвард нишонаҳои эгоистиро ба бор овард. Ҳарчанд пас аз ӯ дар оила боз як писару як духтар чашм ба олами ҳастӣ кушоданд, аммо ҷойи ӯ дар замири волидайн чун нишони аввалини муҳаббат боқӣ монд ва онҳо ҳар як хоҳишу талаби ӯро бечунучаро иҷро мекарданд. Соле набуд, ки ӯро ба лагерҳои истироҳатӣ нафиристанд ва аз ҳама ин истироҳатҳо Сабо на танҳо ҷисми хешро обутоб медод, балки дар фазои озодии мутлақ хеле болу пар афшонд ва ин ҳама ҷастухезҳо дар ниҳодаш нишонаҳои худбинию худситоиро бештару бештар кард. Худбинию худситоӣ характери духтарро низ дигар намуд. Падару модар ба ҳама инҷиқиҳои духтарашон аз паси панҷа нигариста, суханони гузаштагон “фарзанд азизу одобаш аз ӯ азизтар”-ро ба гӯшаи фаромушӣ доданд ва Сабо донисту дави аспаш. Чун дар замири духтар ҳамин нишонаҳоро диданд, падару модар мактаб ва муаллимонро гунаҳкор намуданӣ шуданд. Мактаб бошад, гуноҳро чун тӯби футбол ба дарвозаи ҳариф равона сохт ва то волидайн сарфаҳм рафтанд, ки гап дар куҷост ва чаро чунин шуд, аллакай корд аз устухон гузашта ҳамон тифли нозпарвард арӯси нозанине шуд. Арӯсе бо хислату мароми хеш, ки ба ҷуз сухани худаш дигар каломи касеро ба як донаи ҷав қадр накунад...

17 Бародари калонӣ – халқи русро халқҳои дигар дар замони шуравӣ аз рӯӣи эҳтиром чунин ном мебурданд.

пешина
аз 527
навбатӣ