Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

муносибате надошт, баъди огоҳӣ ёфтан аз мақсади нопоки собиқ қумандони саҳроияш, ки ўро бо "Калашников"
мусаллаҳ гардонида буд, дилаш ба ҳоли тағояш сўхт. Шамси Солеҳ дафтари хотироташро дар ин самт варақгардон намуд, вале шуълаеро дар муносибатҳои саршудаи хеш ва тағояш надид. Дар сардшавии ин муносибатҳо ў тағояшро гунаҳкор медонист, вале хун боз ба тарафи хун такя намуд. Шамс Солеҳ фаҳмид, ки агар чорае наандешад, охирин нишонаеро аз авлоди модарияаш аз даст хоҳад дод.
Аслан мақсаду мароми вай танҳо як чиз буд, он ҳам бошад тағояшро аз хатари ба вай таҳдиднамуда огоҳ сохтан, вале чӣ тавр огоҳ созад, ў худ намедонист, чунки аз рўйи маълумоте, ки дар як рўзи охир ба даст овард, тағояш аз манзили зисташ фирор намуда буд.
Дар вохўрии кӯтоҳ собиқ қумандони саҳроӣ Фарҳод Замир ба ў кушоду рашван фаҳмонид, дурусттараш аз ў дар ин ҷода мадад хост, то дар боздошти Дороб Қамар ва ду шогирди калабураш ба вай кумак намояд, то ў назди модар сархаму забонкӯтоҳ нагардад.
Дар замоне ки то ҳанўз Шамс Солеҳ тағояшро наёфтаву ўро аз хатари ба вай таҳдиднамуда огоҳ насохта буд, ки расми тағояш ва Сайф Насимро дар пеши даромадгоҳи бинои асосии фурудгоҳ дид. Бо азобе ў худро ба даст гирифта, матни зери расми тағояшро қироат намуд. Ҳар он чи ки Шамс Солеҳ хонд, ба ақли вай рост намеомад. Ў фаҳмид, ки Фарҳод Замир дигар дар қайди ҳаёт нест ва милиса дар ин бора тағои вай Дороб Қамарро гунаҳкор мекунад. Пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд, вай ҳеҷ фаҳмида натавонист. Оё тағояш дар чунин як ҷинояти мудҳиш даст дорад?
Шамси Солеҳ ба хона омад. Аз рўйи вазъи ба амаломада хеле андеша намуд. Субҳи рўзи дигар ба назди яке аз "пирони" кор, ки аз нисф зиёди умри хешро дар паси панҷара гузаронида буду лақаби "адвокат"-ро дошт, рафт.

  • Дер ё зуд милиса то ба худат ҳам мебарояд, - баъди ба анҷом расидани нақлаш гуфт адвокат.
  • Пас чӣ бояд кард?
  • Агар дар ҳақиқат бегуноҳ бошӣ…
пешина
аз 527
навбатӣ